Дар Тоҷикистон барои қабули маблағи кумакҳои башардӯстона барои пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 суратҳисобҳо кушода шудаанд.
“Бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона суратҳисобҳо (бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд”, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, - омадааст дар хабари ВКХ ҶТ.
Суратҳисобҳо:
1. Бо пули миллӣ – сомонӣ
Бонк: Сарраёсати хазинадории марказии
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
РМБ 350101800
Суратҳисоби муросилотӣ: 22402972000002
Суратҳисоб: 20204972064010100446
Қабулкунанда: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Бо доллари ИМА:
Бонк-корреспондент: Commerzbank, AG,
Frankfurt-am-Main, Germany
SWIFT: COBADEFF
Acc.No. 400886748300 USD
Бонк-бенефитсиар: National Bank of Tajikistan,
Rudaki avenue 23/2, 734025, Dushanbe
SWIFT: NATJ TJ 22
Acc. No. 22696840718009
Бенефитсиар: Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan
3. Бо рубли русӣ:
TRANSKAPITALBANK PAO
к/с 30101810800000000388
в ГУ Банка России по ЦФО
БИК: 044525388
27/35, Vorontsovskaya street, Moscow, 109147
Russia
SWIFT: TJSCRUMM
Acc. No. 30111810000000000062
Национальный банк Таджикистана
SWIFT: NATJTJ22
Acc. No. 22696810818007
Министерство финансов Республики Таджикистан
Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус $11,3 млн. медиҳад. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ ва лавозимоти гузаронидани санҷиш, инчунин омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ равона мешавад. Бонки осиёии рушд низ баҳри дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.