Дар Тоҷикистон барои қабули маблағи кумакҳои башардӯстона барои пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 суратҳисобҳо кушода шудаанд.

“Бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона суратҳисобҳо (бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд”, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, - омадааст дар хабари ВКХ ҶТ.

Суратҳисобҳо:

1. Бо пули миллӣ – сомонӣ

Бонк: Сарраёсати хазинадории марказии

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

РМБ 350101800

Суратҳисоби муросилотӣ: 22402972000002

Суратҳисоб: 20204972064010100446

Қабулкунанда: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Бо доллари ИМА:

Бонк-корреспондент: Commerzbank, AG,

Frankfurt-am-Main, Germany

SWIFT: COBADEFF

Acc.No. 400886748300 USD

Бонк-бенефитсиар: National Bank of Tajikistan,

Rudaki avenue 23/2, 734025, Dushanbe

SWIFT: NATJ TJ 22

Acc. No. 22696840718009

Бенефитсиар: Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan

3. Бо рубли русӣ:

TRANSKAPITALBANK PAO

к/с 30101810800000000388

в ГУ Банка России по ЦФО

БИК: 044525388

27/35, Vorontsovskaya street, Moscow, 109147

Russia

SWIFT: TJSCRUMM

Acc. No. 30111810000000000062

Национальный банк Таджикистана

SWIFT: NATJTJ22

Acc. No. 22696810818007

Министерство финансов Республики Таджикистан

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус $11,3 млн. медиҳад. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ ва лавозимоти гузаронидани санҷиш, инчунин омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ равона мешавад. Бонки осиёии рушд низ баҳри дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.