Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (08:30), Академияи миллии илмҳо (09:30), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (10:00), Додгоҳи Олии иқтисодӣ (11:00), ҳукуматҳои Шоҳмансур (09:00) ва Фирдавсӣ (14:00), Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ (09:00) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (10:00) оид ба натиҷаи фаъолияти ин ниҳодҳо дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ФЕВРАЛ
Соли 1925 – Аввалин дастаи пулис таҳти роҳбарии комиссар Абдулло Ёрмуҳаммадов аз Бухоро ба Душанбе омад.
Соли 2008 – Шумораҳои аввалини рӯзномаи ВКД-и Тоҷикистон – “Қонун ва ҷомеа” ва рӯзномаи нерӯҳои сарҳадӣ “Сарҳадчӣ” нашр шуданд.
Соли 2014 – Доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.
Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ҳар оилаи Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” туҳфа карда шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Зодрӯзи Икромиддин Муҳиддинов, мардумшинос, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1967 – Зоҳир Дӯстматов, коргардон, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345439/%D0%B7%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D1%80%20%D0%B4%D1%83%D1%81%D1%82%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%BE%D0%B2.jpg)
Симои Зоҳир Дӯстматов бо иҷрои нақши “Қори ишкамба” дар филми “Марги судхӯр” дар хотироти ҳар як бинандаи тоҷик фаромӯш нашудааст.
Ӯ 10-уми феврали соли 1914 дар Хуҷанд ба дунё омада, Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардаааст. Фаъолияташро аз Театри Лоҳутӣ оғоз карда, муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан боз ба театри Лоҳутӣ баргашта, то поёни умр он ҷо ҳунарманди ин театр будааст.
Зоҳир Дӯстматов дар театр дар песаҳои “Шаби 28”, “Тӯҳфа барои хушхабар”, “Таърифхоҷаев” ва дар синамои тоҷик дар филмҳои “Дохунда”, “Коваи оҳангар”, “Қисмати шоир” ва ғайра нақш офаридааст. Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии “Марги судхӯр” мебошад, ки хислату характери қаҳрамонашро ҳамаҷиҳата инъикос карда тавонистааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар ин рӯзи соли 1626 дар Фаронса фармони манъи дуэлҳо имзо шуд. Ин тасмим бо мақсади ҳифзи беҳтарин сарбозони артиш гирифта шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345439/%D0%B4%D1%83%D1%8D%D0%BB.jpg)
Луи XIII, ҳангоми имзои фармон изҳор дошт, ки ҳам даъваткунандагон ва ҳам даъватшудагон ба дуэл ҷазо хоҳанд гирифт, аз ҷумла аз ҳамаи мансабҳо, нафақаҳо ва дигар марҳаматҳои шоҳ маҳрум карда мешаванд.
6-уми феврали соли 1900 бори аввал дар ҷаҳон сигнали радиофонии хатари баҳрӣ фиристода шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345439/%D1%81%D0%B8%D0%B3%D0%BD%D0%B0%D0%BB%D0%B8%20%D0%B1%D0%B0%D2%B3%D1%80%D3%A3.jpg)
Дар ин рӯз, дар наздики ҷазираи Лавансарии Финландия яхе, ки 50 моҳигир рӯйи он буданд, пора шуд ва онҳоро ба баҳр бурд. Киштии яхшикани “Ермак” барои наҷоти моҳигирон ирсол гардид. Яхшикан фавран ба баҳр баромада, моҳигиронро бомуваффақият наҷот дод. Аввалин паёми радиофонии сигнали хатарро дар ҷаҳон олими рус Александр Попов ирсол кардааст.
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни телефонҳои мобилӣ таҷлил мегардад.
Ҷонибдорони он ба одамон пешниҳод мекунанд, ки дар бораи фоида ва зиёни телефони мобилӣ андеша кунанд. Ҳарчанд алоқаи мобилӣ зиндагии моро осон кардааст, вале ҳамзамон мушкилоти зиёдеро низ эҷод кардааст. Бовар меравад, ки идеяи баргузории “Рӯзи бидуни телефони мобилӣ” ба рӯзноманигор ва нависандаи фаронсавӣ Фил Марсо тааллуқ дорад, ки ӯ онро соли 2001 пешниҳод карда буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345439/%D1%82%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D1%84%D0%BE%D0%BD.jpg)
Оё шумо метавонед, ҳатто барои як рӯз аз телефони мобилӣ даст кашед?
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12º то 2-4º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то 2-4º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 32-37º то 24-29º сард, рӯзона 11-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона -1+1º.
Пешвои нави исмоилиҳои ҷаҳон эълон шуд
Тоҷикистон таъсиси ширкати ҳавопаймоии муштаракро бо сармоягузории Кувайт пешниҳод кард
Тоҷикистон ба СММ аввалин ҳисобот дар бораи партоби газҳои гулхонаиро пешниҳод кард
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста