Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж иҷро намуда, аввалин ахбори дусолаи шаффофиятро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ дар давраи солҳои 1990-2022 пешниҳод намуд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, санад бахшҳои калидии иқтисодро дар бар гирифта, барӯйхатгириии газҳои гулхонаӣ аз рӯи панҷ бахш гузаронида шуданд:
- "Энергетика" (CO2, CH4, N2O);
- "Равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот" (CO2, Гидрофторокарбонҳо, Перфторкарбонатҳо);
- "Кишоварзӣ" (CO2, CH4, N2O) ;
- "Истифодаи замин, тағйир додани истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал" (CO2, N2O);
- "Партовҳо" (CO2, CH4, N2O).
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки баҳисобгирии партоби газҳои гулхонаӣ як қисмати муҳими сиёсати экологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сарфи назар аз саҳми начандон зиёд ба партобҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад. Дар кишвар обшавии босуръати пиряхҳо ба мушоҳида расида, тайи 30 соли ахир зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтанд.
Дар паёми худ ба парлумон рӯзи 28 декабри соли 2024 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зарурати рушди энергетикаи сабз ва коҳиши партоби газҳои гулхонаиро таъкид кард. То соли 2037 Тоҷикистон ду баробар кам кардани онро ба нақша гирифтааст.
Дар Агентӣ зикр карданд, ки таҳияи ҳисоботи мазкур оид ба шафоофияти иқлим дастоварди назаррас барои кишвар аст. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалии экологӣ содиқ аст ва имкон медиҳад, ки стратегияҳои коҳиши изи карбон самараноктар таҳия шаванд. Чунин ташаббусҳо ба ташаккули сиёсати масъули экологӣ ва рушди устувор мусоидат мекунанд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста