Ҳудуди 22 кишвар барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии сохти Эрон дархости расмӣ пешниҳод кардаанд. Дар ин бора генерал-майор Яҳё Раҳим Сафавӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ёвари аршади низомии раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ иброз доштааст, хабар медиҳад Eadaily бо истинод ба Tasnim News.
“Кишварҳои довталаби харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ Арманистон, Тоҷикистон, Сербистон, Алҷазоир, Венесуэла ва дигар кишварҳо ҳастанд", - гуфтааст Сафавӣ.
Вай афзудааст, қабл аз инқилоби исломии соли 1979 Эрон 80 дарсади ниёзҳои низомии худро аз хориҷ, умдатан аз Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ворид мекард, аммо ҳоло Ҷумҳурии Исломӣ ҳама таҷҳизоти низомиро худаш тавлид мекунад.
Ин хабар дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон то ҳол тасдиқ карда нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, ёдовар мешавем, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ хабаргузории эронии ИРНА аз ифтитоҳи як корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ (UAV) Ababil-2 дар Тоҷикистон хабар дода буд. Баъдан хабар дода шуд, ки дар ифтитоҳ Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ширкат кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин робита иттилои расмӣ нашр накардааст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин корхона ба манзури таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомии ду кишвар ба шарофати талош ва кумаки мутахассисони вазорати дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон сохта шудааст.
Эрон аз даҳаи 1980 ба тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин машғул аст. Тавсеаи ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар солҳои 1970 оғоз шуда буд, ки онҳо мошинҳои ҳавоии Firebee буданд.
Ба Тоҷикистон калиди рамзии корхона ва шаҳодатномаи хатми омӯзиш супурда шуд. Тафсилот дар бораи иқтидори истеҳсолии корхона ва иқтидори ҳавопаймоҳои бесарнишин хабар дода нашудааст.
Қаблан Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини "Пума"-ро тақдим хоҳад кард. Вай афзуд, ҷузъиёти созишномаи ба маблағи 20 миллион долларро ҷонибҳо мувофиқа мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ барои назорати ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ хидмат хоҳанд кард.