Бозсозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ (то марзи Рӯшон), ки мушкилтарин қитъаи роҳи Душанбе - Хоруғ - Кулма маҳсуб мешавад, аз моҳи июли соли ҷорӣ идома дорад.

Дарозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ дар ҳоли ҳозир 109 километрро ташкил медиҳад, аммо сохтмони ду нақб дар назар аст, ки баъди бунёди он гуфта мешавад, ин роҳ то 90 километр кӯтоҳ мешавад.

Ба барқарорсозии ин қитъаи роҳ ширкати чинии China Road and Bridge Corporation (CRBC) машғул аст.

Давлати Чин барои бозсозии ин қисмати роҳ 230 миллион доллар грант ихтисос медиҳад.

Барқарорсозии ин роҳ сохтмони роҳи духаттии категорияи сеюми техникӣ, ду нақб (бо дарозии 5,2 километр), галерея бо дарозии умумии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва иншооти дигарро дар бар мегирад.

Интизор меравад, ки барқарорсозии ин қисмати роҳ то охири соли 2024 анҷом дода шавад.

Мо барои шинос шудан бо натиҷаи кори семоҳа аз ин қитаи роҳ боздид намудем ва аксҳои зерин ҳолату кунунии роҳро бозгӯ мекунанд.

1/20