Аз 28-уми декабри соли равон то 12-уми январи соли оянда бахшида ба Соли нав Сирки давлатии Тоҷикистон ба кӯдакону наврасон барномаи “Афсонаи солинавӣ” ва намоишномаи “Хоби хурдтаракон”-ро намоиш медиҳад.

Дар ин бора аз Сирки давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки намоишҳо ба ҷуз 30-юм ва 31-уми декабр ҳамарӯза соати 14:00 ба саҳна гузошта мешаванд.

Ҳамчунин Бобои барфӣ ва барфак, ширинкорон, ромкунандаи ҳайвонот ва  гимнастҳои ҳавоӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоишҳо 1 соату 40 дақиқа давом мекунанд.

Масъулин гуфтанд, нархи билет вобаста ба ҷой ва қатор мутаносибан 20, 25 ва 30 сомонӣ арзиш дошта, онро метавон аз хазинаи “Сирки давлатӣ” дастрас кард. Арзиши билет танҳо ғайринақдӣ қабул карда мешавад.

Бояд гуфт, дар остонаи Соли нав аксари муассисаҳои фарҳангӣ намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, Сирки давлатӣ ҳамасола дар арафаи соли нав намоиши махсуси солинавӣ барои кӯдакон таҳия мекунад.

Соле пеш дар Сирки давлатии пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати пойтахт барномаи рангини “Моҳии тиллоӣ” намоиш дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.