Масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) қатъ гардидани фаъолияти шӯъбаи забонҳои помириро ба маблағгузорӣ нашудани лоиҳаи “Таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ” рабт доданд. Ин шуъба давоми 30 соли охир ба омӯзиши забонҳои помирӣ машғул буд.
Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини президенти АМИТ зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 1‑уми август, хабари қатъ гардидани фаъолияти шуъбаи забонҳои помириро тасдиқ кард.
“Баста шудани шуъбаи забонҳои помирӣ ин маънои онро надорад, ки корҳои илмӣ‑таҳқиқотӣ дар ин самт қатъ шуда бошад. Ҳоло ҳамаи он мутаххасисоне, ки дар ин шуъба буданд, кор карда истодаанд ва аз рӯйи мавзуъҳои илмияшон корҳои илмиву пажӯҳишии худро идома дода истодаанд”, ‑ афзуд Саломиён.
Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфт, ки дар АМИТ ҳамаи пажӯҳишҳо ва таҳқиқотҳо тибқи лоиҳаҳо, ки тариқи маблағгузорӣ фаъолият мекунанд, пеш бурда мешаванд.
“Мо як лоиҳа пешниҳод карда будем, номи лоиҳа таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ ном дошт. Азбаски лоиҳа маблағгузорӣ нашуд, мо маҷбур шудем муваққатан, фаъолияти шуъбаро қатъ кунем”, ‑ афзуд Шарифзода.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммаддовуд Саломиён зикр кард, ки дар Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, ки бо номи “Шуъбаи таърихи забон” як шуъбаи нав ифтитоҳ гардад.
“Агар ин шуъба таъсис дода шавад, метавонад дар самти омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва дигар забонҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, корҳои илмӣ‑пажуҳиширо ба роҳ монанд”, ‑ таъкид кард Саломиён.
Забонҳои помирӣ, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) забони гуфтугӯии сокинон маҳсуб мешавад. Ба гурӯҳи забонҳои помирӣ забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, рошорвӣ, бартангӣ, ишкошимӣ, саритангӣ ва ғайра дохил мешаванд.