Рӯзҳои наздик дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки дар истифода аз асбобҳои барқӣ ва ангишт вақти гарм кардани хонаҳо эҳтиёт кунанд ва аз хатари заҳролуд шудан бо гази карбон худдорӣ намоянд.
“Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, онҳоро набояд гузошт, ки тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.
Боисрор тавсия мешавад, ки сокинон барномаи мобилии «SOS»-ро дар телфонҳои мобилии худ пайваст кунанд. Ин барнома барои ҳама намуди плеймаркетҳо ва App Store барои iOS ройгон боргирӣ мешавад.