Консерни фаромилии Siemens-и Олмон дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш дар Тоҷикистон идома дорад, таҷҳизоти муосири энергетикӣ насб мекунад.
Бино ба маълумоти портали энергетикии Focus, ояндаи наздик ба майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ду дастгоҳи комплектии баландшиддати тақсимотӣ оварда мешаванд, ки истеҳсоли консерни Олмон мебошанд.
Гуфта мешавад, ин дастгоҳҳо ба қабули шиддати баланд ва тақсимоти минбаъдаи он ба истеъмолгарон хизмат карда, бо низоми пайгирии онлайн муҷаҳҳазанд, ки ба ташхиси фосилавии таҷҳизот имкон медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати кори дастгоҳҳои мазкур 50 солро ташкил дода, онҳо қариб амалан ба таъмиру хизматгузорӣ эҳтиёҷ надоранд. «Барои ин дастгоҳҳои хеле боэътимоду қавӣ ҷои зиёде лозим набуда, онҳо садои баланд ва нурафкании электромагнитии хеле паст доранд», - омадааст дар маълумот.