Як созмони рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аз Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки парвандаи Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик, ки ду ҳафта пеш 10 сол равонаи зиндон шуд, бознигарӣ карда шавад.
Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” дар Кӯлоб тобистони соли гузашта аввал бо иттиҳоми пешниҳод ришва дастгир ва баъдан бо чанд айбнома, аз ҷумла ифротгароӣ мутаҳҳам ва 10-уми январи соли равон 10 сол равонаи зиндон шуд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дирӯз, 24-уми январ бо нашри як муроҷиатнома гуфтааст, ки “бинобар ошкор ва расонаӣ шудани ҳолатҳои нав дар қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим– сармуҳаррири нашрияи “Пайк” он мавриди бознигарӣ қарор бигирад”.
Чанд рӯз пеш, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон иваз шуданд.
Дар ин нома, ки бо имзои Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман ба ду ниҳод ирсол шуд, аз ҷумла омадааст, ки “муроҷиати Аҳмади Иброҳим ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва силсилаи маводи радиои “Озодӣ” ва вокуниши созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи журналистон ба бозбинии ҳукми ӯ водор мекунанд".
Раиси ин созмон бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо додрасҳо садо дод, гуфтааст, ки "мутаассифона, баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд. Чунин камбудиҳо дар ҷараёни тафтишот низ эҳтимолан ба назар расанд".
“Бинобар ин, аз Прокуратураи генералӣ, ҳамчун мақоми волои назоратӣ ва Суди Олии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш дорем, ки сару садоҳо ва ҳолатҳои нав пайдошударо дар робита ба қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим ҳамаҷониба таҳқиқ намоянд, то бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ волоияти қонун ва адолати судӣ нисбат ба шаҳранд ва журналист татбиқ карда шавад”, -омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳукми Аҳмади Иброҳим пас аз як рӯзи додхоҳии ӯ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир гардид.
Ӯ дар он нома навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.
“Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”, - навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш.
Аҳмади Иброҳим ҳамаи иттиҳомро рад карда, боздошташро кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” номида, вале аз касе ном нагирифт.
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. Ӯ соли 2012 нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақил дар вилояти Хатлонро номнавис кард, аммо дар бештар аз 10 соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.
Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста