Фирдавс Ҳаётзода, ки то ин дам муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд, ба ҳайси додситони ҳарбии кишвар, ҳамзамон муовини додситони кул пешниҳод шудааст. Номзадии ӯро Маҷлиси миллӣ бояд тасдиқ кунад.
Амри барканорӣ ва пешниҳод ӯ, имрӯз, 24-уми январ дар сомонаи президенти кишвар дар якҷогяӣ бо чанд қарору фармони дигар нашр шуд.
Ба ҷои Фирдавс Ҳаётзода ба курсии муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, Тоҷиддин Саидзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Сино буд, нишаст. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон аст.
То ин дам Ҳабибулло Воҳидзода муовини додситони кул ва ҳамчунин, додситони ҳарбии кишвар буд, ки дирӯз номзадиаш ба курсии додситони кул пешниҳод шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, номзадии Хайриддин Қосимзода, ки то ин дам додситони шаҳри Роғун буд, ба вазифаи муовини додситони кулл ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст.
Қариб як сол ин курсии дигари муовини додситони кулл холӣ буд. То моҳи феврали соли 2024 дар ин вазифа Дилшод Талбакзода фаъолият дошт.
Ҳамчунин, бо амри президент, Худоёр Худоёрзода аз вазифаи сардори раёсати молияи дастгоҳи президент озод ва бо қарори ҳукумат муовини якуми раиси “Амонатбонк” таъин гардидааст. Ба ҷои ӯ, Маҳмуд Ҷумъазода, ки мушовири калони бахши Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд, сардори Раёсати молияи дастгоҳ таъин шуд.
Ҷонибек Холиқзода аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин, Алишер Абдуллозода аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроия озод ва сардори ин раёсат таъин шудааст.
Нуралӣ Собирзода, ки то ин вақт ба ҳайси муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроия таъин гардид.
Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми як ҳафтаи охир, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ, оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.
Ҳамчунин, дирӯз Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста