Як сол пеш Нақшаи маблағгузории иқлимӣ (Саҳми дар сатҳи миллии муайяншуда (ССММ) тасдиқ карда шуд. Тибқи ҳисобҳо то соли 2030 барои ноил шудан ба ҳадафҳо оид ба коҳиши партовҳо ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйири иқлим барои Тоҷикистон ҳар сол тақрибан $1 млрд лозим аст. Онҳоро аз куҷо гирифтан мумкин аст ва чӣ бояд кард?

Мо нақшаро хондем ва бо мутахассисон сӯҳбат кардем.

Дар соли 2021 Тоҷикистон нақшаи Саҳми дар сатҳи миллии муайяншудаи навшудаи худро  пешниҳод намуд ва сипас нақшаи иҷроро омода кард, ки аз ҷониби ҳукумат дар соли 2022 тасдиқ карда шуд. Дар ин ҳуҷҷатҳо афзалиятҳо ва ҳадафҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани тағирёбии иқлим дар бахшҳои асосии иқтисодиёт муайян карда шудаанд, ки бо назардошти аҳамияти худ барои рушди кишвар диққати махсусро талаб мекунанд. Ба ин феҳрист энергетика, захираҳои об, кишоварзӣ ва ҷангал, нақлиёт ва инфрасохтор, саноат ва сохтмон дохил мешаванд.

“Ба ибораи оддӣ, Саҳми дар сатҳи миллии муайяншуда (ССММ), нақшаи амал барои коҳиш додани партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим аст. Ҳар яке аз тарафҳои Созишномаи Париж (Тоҷикистон онро моҳи марти соли 2017 ба тасвиб расонд), бояд ССММ - ро таҳия кунад, ҳар панҷ сол онро навсозӣ кунад ва нусхаи нави ҳуҷҷат бояд пешниҳод карда шавад.”, - гуфт Антон Тимошенко, директори иҷроияи ташкилоти экологии "Замини хурд" ("Маленькая Земля").

Нақшаи амалисозии ССММ тақрибан 80 тадбири гуногунро барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии иқлим пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Абдуқодир Мавлодод, барои (солона, - шаҳри муаллиф) маблағгузории ҳамаи ҳадафҳои Нақшаҳои татбиқи ССММ маблағи баробар ба  7%-и ММД-и Тоҷикистон лозим хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар айни замон ССММ-и ҷорӣ ҳадафи бечунучаро пешбинӣ кардааст - аз 60—70% дараҷаи партовҳои соли 1990 зиёд набошад - ва ҳадафи шартӣ - маҳдудияти партовҳо дар ҳаҷми 50-60% партовҳо нисбат ба соли 1990, бо назардошти кӯмаки кофии байналмилалии молиявӣ ва техникӣ.

 

Нақшаи маблағгузории иқлимӣ

Дар асоси баҳододҳои мавҷуда барои иҷроиши ҳадафҳои миллӣ оид ба коҳиши партовҳо ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағирёбии иқлим ба мамлакат аз ҳоло то соли 2030 $8,41 млрд ё тақрибан $1 млрд ҳамасола лозим аст. Бо назардошти тафовути назаррас байни он чизе, ки талаб карда мешавад ва сатҳи кунунии сармоягузории иқлимӣ дар кишвар ин маблағи хеле калон аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд (БОР) нақшаи маблағгузории иқлимии ССММ - ро таҳия намуд, ки бо фармони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2024 тасдиқ карда шуд. Муаррифии расмии ҳуҷҷат дар моҳи июли соли 2024 сурат гирифт.

Нақша харитаи роҳи дарёфт ва сафарбар кардани маблағҳои зарурӣ оид ба тағирёбии иқлимро ифода мекунад. Он таҳлили хароҷоти ССММ –ро дар бар гирифта, манбаҳои имконпазири маблағгузорӣ, воситаҳои молиявӣ ва ислоҳоти сохториро пешниҳод менамояд, ки бояд ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби маблағгузории иқлимӣ мусоидат намояд.

“Яке аз мушкилоте, ки мутахассисон ҳангоми таҳияи Нақша рӯбарӯ шуданд, зарурати рафъи норасоиҳои гуногун дар дониш, сиёсат ва танзим барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои иқлимӣ буд. Мушкилоти асосӣ ин ба даст овардани маълумоти босифат буд. Худи ин раванд ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҷиддиро бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд тақозо мекард», - мегӯяд ҷаноби Самет Булут, коршиноси БОР оид ба тағирёбии иқлим.

Самет Булут
акс аз АБР

 

Чӣ қадар маблағ лозим аст?

Қисми бартаридоштаи $8 млрд, ки аз рӯи ҳисобҳои таҳлилӣ барои иҷрои уҳдадориҳои кишвар оид ба иқлим лозим аст, ба бахши энергетикӣ вобаста аст – тақрибан $5 млрд-и маблағҳои дархостшуда барои лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пешбинӣ шудааст. 

Дар Нақша зикр мешавад, ки “ба истиснои лоиҳаи мазкур, эҳтиёҷоти бештари маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ (61%), пас аз он энергетика (24%), самаранокии энергетикӣ ва кам кардани партовҳо дар бахши идоракунии партовҳо (тақрибан 5% ба ҳар кадом)” мебошанд.

Кишоварзӣ ва энергетика низ дар лоиҳаҳо барои ноил шудан ба ҳадафи бечунучаро бартарӣ доранд (арзиши умумии онҳо ба $2412 млн, баҳодиҳи мешавад). Коршиносон иҷрои уҳдадориҳои шартӣ дар доираи ССММ (ба истиснои НБО “Роғун”)-ро $653 млн арзёбӣ кардаанд. Аз ин миқдор хароҷот ба бахши кишоварзӣ 70%, самаранокии энергетикӣ 20% ва хоҷагии ҷангал 8% -ро ташкил медиҳад.

“Ҳангоми тасдиқи Нақша дар моҳи январи соли 2024, норасоии маблағгузории лоиҳа барои иҷрои уҳдадориҳои бечунучарои ССММ, тақрибан ташкил медод (баробар ба 32% ҳаҷми умумии партовҳои тахминӣ, - мисоли муаллиф), дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи чораҳои пешниҳодшуда оид ба уҳдадориҳои шартӣ низ бо маблағи зарурӣ дар ҳаҷми 5,636 миллион доллар таъмин карда нашудаанд”, - шарҳ медиҳад Самет Булут.

Ба ғайр аз НБО-и “Роғун”, дар бахши кишоварзӣ норасоии ҷиддӣ мушоҳида карда мешуд. 86% арзиши лоиҳаҳо бо маблағгузории тасдиқнашуда. Норасоии дуюми калонтарини маблағгузорӣ дар бахшҳои энергетика ва хоҷагии ҷангал – мутаносибан 60% ва 40% аз арзиши тахминии лоиҳаҳо муайян карда шуд.

Таҳлили сармоягузориҳои асосӣ дар Нақшаи пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки тахминан 29% маблағҳои умумии сармоягузориро метавон ба ССММ тааллуқ дод. Аммо дар ин ҷо хароҷоти марбут ба нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, бартарӣ дошта, 41%-и тамоми сармояи дохилии соли 2021-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар поёни соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ барои анҷоми марҳилаи аввали сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”  тахсиси гранти аввалро дар ҳаҷми $350 млн тасдиқ кард (маблағгузории умумӣ $650 млн). Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) дар ҳаҷми $270 млн қарз ҷудо кард, ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодии Араб $100 млн хати қарзӣ барои ин лоиҳа боз кардааст.   

 

Гуногунсозии манбаъҳои маблағгузорӣ

Дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ҳатто маблағгузории нисфи эҳтиёҷоти ССММ - ро то соли 2030 аз ҳисоби қарзи давлатӣ, ҳаҷми онро ду баробар зиёд мекунад. Ин зарурати возеҳи як қатор тадбирҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла саҳми назарраси бахши хусусиро нишон медиҳад.

Муаллифони ин тарҳ ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки бо барқарор шудани иқтисод ба Тоҷикистон дигар ҳамон миқдор манобеъ дар шакли кӯмаки байналмилалӣ наояд. Ҳамчунин итминон вуҷуд надорад, ки ин кумак дар заминаи грантӣ сурат хоҳад гирифт.  Дар баробари ин, лоиҳаҳои иловагие ба вуҷуд меоянд, ки онҳо бевосита ё бавосита ба татбиқи ССММ кумак расонанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон бояд сарчашмаҳои маблағгузории худро гуногунсозӣ кунад.

«Барои ҷалби сармоягузориҳои нав, идоракунии самараноки онҳо ва ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ ҷавогӯй будан, ислоҳоти низоми мавҷудаи молиявӣ ва таҳкими иқтидор ва механизмҳои институтсионалӣ муҳим аст. Барои фаҳмидани он, ки тағйироти ҷиддиро талаб мекунад, ба мавқеи ҷумҳурӣ дар рейтинги «Пешбурди тиҷорат» ё шохиси байналмилалии «Дарки фасод» назар кардан лозим аст» - гуфт як иқтисоддони тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад.

Дар нақша манбаъҳои гуногуни маблағгузории иловагии хусусӣ ва институтсионалӣ (аз ҷумла фондҳои сармоягузорӣ, фондҳои нафақа, ташкилотҳои суғурта), ки эҳтимолан истифода шуданашон мумкин аст, баррасӣ карда мешаванд.

Аммо муаллифони он бар ин назаранд, ки “агар иқтидор ва дастгирии молиявии ҳукумати кишвар ба таври қобили мулоҳиза афзоиш наёбад ва барои афзоиши ҳаҷми кумакҳои расмии рушд ва маблағҳои ташкилотҳои молии байналмилалӣ чораҳо андешида нашавад ва агар бахшҳои хусусӣ иштирок накунанд, расидан ба ҳадафҳои нақша имконнопазир аст”.

«Бо вуҷуди мавҷудияти воситаҳои молиявии омехта, аз қабили шарикии давлатӣ - бахши хусусӣ, ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна тавассути муассисаҳои молиявии маҳаллӣ, шумораи лоиҳаҳое, ки аз ин равишҳо истифода мешаванд, хеле кам аст. Сабаби асосӣ дастрасии маҳдуди корхонаҳои хурду миёна ба қарзҳои камфоиз ва набудани фоизҳо аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ ба далели хатарҳо ва омодагии нокифояи бахши хусусӣ ба татбиқи чунин иқдомҳо мебошад», - шарҳ медиҳад Насибахон Аминова, роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон.

Насибахон Аминова
акс аз International Trade Centre in Tajikistan

 

Чӣ гуна маблағгузории иқлимро бояд устувор кард?

Таҳиякунандагони Нақша як қатор тавсияҳо пешниҳод карданд, ки ба беҳтар шудани вазъият ба ҳукумат кумак мекунанд. Дар байни муҳимтаринҳо таҳкими системаҳои фискалӣ ва молиявӣ (аз ҷумла идоракунии сабзи молияи давлатӣ ва системаҳои бозори карбон), таъсиси механизми ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҷараёнҳои маблағгузории иқлим ва таъсиси сохторҳо ва воситаҳои мувофиқи ҳисоботдиҳӣ барои мониторинг ва санҷиши маблағгузории иқлим мебошанд.

"Муҳим аст, ки системаи мониторинг ва арзёбӣ барои пайгирии пешрафт ва ислоҳи амалҳо, ки шаффофият ва ҳисоботдиҳии истифодаи захираҳоро таъмин мекунад, ташкил ёбад. Ин ба ҳукумат барои пайгирии ҷараёни маблағгузории иқлимӣ кӯмак мекунад ва  эътимодро ба коре, ки аз ҷониби сармоягузорони эҳтимолӣ ва тамоми ҷомеа амалӣ карда мешавад, афзун хоҳад кард", - мегӯяд як иқтисодшинос, ки нахост аз ӯ ном барем.

Аз ҷониби ҳукумат бояд барои ҷалби маблағҳои давлатӣ тавассути ҳавасмандгардонии иштироки бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ дода шавад. Инро танҳо тавассути фароҳам овардани шароит ва механизмҳое, ки манфиат ва ҷалби бахши хусусиро таъмин мекунанд, метавон ба даст овард. Зарурати таҳкими иқтидори бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши хусусӣ барои таҳияи лоиҳаҳои сабз вуҷуд дорад.

Акси марбут
акс аз livingasia.online

“Таваҷҷуҳи нокифояи ниҳодҳои давлатӣ ба ҳавасмандгардонии сармоягузории хусусӣ дар лоиҳаҳои иқлимӣ боиси нарасидани инфрасохтори зарурӣ ва ҳавасмандии соҳибкорӣ мегардад. Барои тағйир додани вазъ, бояд системаи огоҳӣ дар бораи манфиатҳои сармоягузориҳои иқлимӣ ва имкониятҳои мавҷуда таҳия карда шавад. Илова бар ин, муассисаҳои молиявии маҳаллӣ бояд тақвият дода шаванд, омӯзонида шаванд ва барои пешниҳоди маҳсулоти молиявии бештар дастрас ва махсусгардонидашуда барои дастгирии чунин лоиҳаҳо омӯзонида шаванд”,- мегӯяд Насибахон Аминова.

Инчунин пешниҳод карда мешавад, ки ба сармоягузорињои хурд ва ғайримутамарказ, масалан, дар сатҳи хољагиҳо ва корхонаҳои хурду миёна тамаркуз карда шавад. Чунин барномаҳо метавонанд аз ҷониби созмонҳои молиявии байналмилалӣ тавассути ҷалби бонкҳои тиҷоратӣ ҳавасманд карда шаванд. Масалан, дар соли 2024 Бонки Осиёии Рушд гранти бузурги 50 миллион долларро барои кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар эҷоди фазои соҳибкорӣ ба иқлим ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна дар кишвар тасдиқ кард.

“БОР бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омӯхтани имкониятҳо барои татбиқи баъзе аз ҳадафҳои Нақша фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ин, масалан, нақшаҳои таҳияи чаҳорчӯбаи таксономияи сабз, инчунин системаи «тамғагузорӣ» ва пайгирии хароҷоти иқлимро барои муайянсозӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии минбаъда дар бар мегирад. Айни замон Бонки Осиёии Рушд бо ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи нави шарикии кишварӣ кор мекунад ва мо ният дорем, ки роҳҳои иловагии дастгирии марбут ба татбиқи нақшаро омӯзем”, - мегӯяд Самет Булут.

 

Восита барои ҷустуҷӯи сарчашмаҳо

Мӯҳлати пешниҳоди ССММ-и навшуда барои кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон наздик мешавад. Эҳтимол дорад, ки кишвар ҳадафҳои коҳиши партовҳоро аз нав дида барояд, ки дар навбати худ метавонад таҷдиди Нақшаи татбиқи ССММ-ро тақозо кунад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ислоҳи эҳтимолӣ ба Нақшаи маблағгузории иқлим ба нақша гирифта шудааст ё на.

Акси марбут
акс аз newscentralasia.net

Худи муаллифони Нақша ба мо хотиррасон мекунанд, ки “дар сурати мавҷуд набудани натиҷаҳои воқеии татбиқи ССММ ва оқибатҳои мусбати назаррас ҷалби кӯмаки беруна душвортар мегардад, аз ин рӯ зарур аст, ки ба дохиликунонии ҳадафҳои иқлимӣ дар тамоми органҳои иҷроия мусоидат намояд”. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки Нақша ҳамчун асос барои таҳия ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо ба даст овардани ҳадафҳои миллии иқлимӣ баррасӣ карда шавад.

«Ҳалли мушкилоти тағирёбии иқлим тағйироти амиқро дар иқтисодиёт ва ҷомеаи мо тақозо мекунад. Дигаргуниҳо дар соҳаи энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва инчунин дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон заруранд. Ин захираҳоро талаб мекунад. Нақшаи маблағгузории иқлим дар ССММ як воситаи хубест, ки кишвар метавонад барои таҳкими иқтидори бахши молиявӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои иқлимӣ истифода кунад», - хулоса кард Антон Тимошенко.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.