ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ – 24 ЯНВАР

Соли 1970 – Дар Хоруғ нахустин корхонаи тавлиди маҳсулоти дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2001 – Парламент қарор кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шахсони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамроҳ шавад.

Соли 2010 – Намояндагии дипломатии шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе фаъолияти худро оғоз намуд.

Соли 2011 – Дар терминали байналмилалии фурудгоҳи “Домодедово” таркиш рух дод. Дастгоҳи тарканда, ки бо элементҳои металлии осебрасон пур шуда буд, аз ҷониби террористи маргталаб фаъол карда шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 37 нафар ҳалок ва 172 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар миёни фавтидагон 3 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд. Тафтишот муайян кард, ки таркишро террористи маргталаб Магомед Евлоев анҷом дода, ташкилкунандаи он Доку Умаров, раҳбари созмони ҷиноии “Иморати Кавказ” будааст.

Соли 2021 – Номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус иваз карда шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик.

Наврӯзшо Қурбонҳусейнов

Наврӯзшо Қурбонҳусейнов яке аз аввалин мутрибу сарояндагоне буд, ки бо таъсиси Театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохт. Ӯ солҳо дар ин театр фаъолият бурда, як муддат роҳбари бахши мусиқии ин театр буд. Дар давоми фаъолияти ҳунарии ӯ беш аз 200 суруду навоҳои мукаммали мусиқӣ офарида шуданд. Ӯ ҳамчунин созҳои мусиқии рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най ва ҷуфтсозро моҳирона менавохт. Ба як зумра филмҳои синамоӣ оҳангу наво офаридааст, аз ҷумла дар филми “Бачагони Помир”, намоишҳои “Тошбек ва Гулқурбон”, “Қишлоқи тилоӣ”, “Овози ман”, “Духтари тоҷик” аз маъруфтарин сурудаҳои ӯянд.

Соли 1962 – Мавлуди Муаззамхон Ансорӣ, номзади илмҳои филология, ректори Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент.

Муаззама Ансорӣ

Ӯ 18 сол инҷониб, аз соли 2007 то имрӯз ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст

Муаззамхон Ансорӣ имрӯз ҳамчунин профессори фахрии Донишгоҳи Вена ва аъзои Шӯрои академияи Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир аст.

Дар соҳаи адабиётшиносӣ якчанд таҳқиқотҳои адабӣ анҷом дода, 8 китоб таълиф намуда, барои китоби Энсиклопедияи миллии тоҷик зиёда аз 300 мақола таълиф намудааст..

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии маориф ҷашн гирифта мешавад. Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз тақрибан 244 миллион кӯдак ва наврас дар ҷаҳон имкони ба мактаб рафтан ё хатми онро надоранд. Сабаби ин ҳолат камбизоатӣ, табъиз, низоъҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулода ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошанд. Ҳамчунин муҳоҷират ва кӯчонидани маҷбурӣ ба дастрасии маориф таъсири манфӣ мерасонанд.


24 январ Рӯзи байналмилалии “эскимо” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1922 Кристиан Нелсон, соҳиби дӯкони шириниҳо дар шаҳри Онава (штати Айова, ИМА) барои ихтироъи “эскимо” – яхмоси қаймоқӣ дар чӯбчаи шоколадпӯш патент гирифт. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ “эскимо” аз соли 1937 паҳн шуд.


Имрӯз Рӯзи огоҳӣ дар бораи синдроми Мёбиус аст. Синдроми Мёбиус, ки ба номи Паул Юлиус Мёбиус, олим ва асабшиноси олмонӣ гузошта шудааст, як бемории нодири ирсӣ аст. Он бо фалаҷи асабҳои рӯй ва дигар аномалияҳо, аз қабили норасоии мушакҳои қафаси сина ва нуқсони узвҳо мушаххас мешавад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабаби ин синдром метавонад вайроншавии асабҳо дар давраи рушди ҷанин, таъсири доруҳо ё бемориҳои музмини модар бошад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо 3-8º сард, рӯзона аз -2+3º то 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 33-38º сард, дар баъзе минтақаҳо то 41-43º сард, рӯзона аз 13-18º то 20-25º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15-17º сард, рӯзона 4-6º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.