Дар Душанбе як марди сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон Сироҷ Қурбонов ба гумони даст доштан дар содир намудани як силсила ҷиноятҳои мрабут ба қаллобӣ боздошт шуд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда қаблан 5-маротиба бо ҷурми қаллобӣ маҳкум шудааст.

“Айни замон 12-ҳолати ҷинояти қаллобии номбурда муайян карда шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз як милион сомонӣ зарар расонидааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Лекин аз ҷузъиёти тарзу усулҳои фиреби шаҳрвандон хабар дода намешавад.

Ғайр аз ин, хабар медиҳад Раёсат, дар Душанбе боз 4 нафари дигар - Ҷамшед Каримов, Ислом Мақсудов, Мирзо Мирзоев ва Фирӯз Мирзоев ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, моҳи январ номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ аз як нафар ҷавони сокини пойтахт барои паҳн накардани маълумотҳои беобрӯкунанда 15-ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳамчун гарав аз ҷабрдида телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифтаанд.

Айни замон нисбати ин чор нафар бо моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки агар аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҷабр дидаанд ё мавриди фиреби Сироҷ Қурбонов қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба Раёсат муроҷиат намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.