Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) барои амалисозии Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Сино дар пойтахт то дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 27,5 млн. доллар ИМА қарзи аввали имтиёзнокро ҷудо намуд.

Созишномаи мазкур моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ба имзо расида, имрӯз парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, барои амалисозии лоиҳа Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ ба сифати қарзи имтиёзнок 62,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода хабар дод, ки таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт соли 2020 ба итмом мерасад.

Ба гуфтаи вазир, дар доираи амалисозии лоиҳа роҳи сеқабата сохта шуда, майдони Сино дар Қарияи Боло пурра навсозӣ мешавад. Вазир итминон дод, ки ҳеҷ яке аз манзилҳои истиқоматӣ кӯчонида намешавад, ҳарчанд қаблан мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дода буд, ки муҷассамаи Сино ба макони дигар кӯчонида мешавад. Ҳамчунин шаҳрдорӣ хабар дода буд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 дубора барқарор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин пешниҳод намуд, ки сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-уми пойтахтро бо харҷи қариб 25,5 млн. доллари ИМА месозад.