Давоми як ҳафтаи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зиёд шуд. Барои вуруди тоҷикон ба ҳудуди Русия монеаҳои зиёд эҷод гардид. Ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи вуруд надоданд ва онҳоро бозпас ба ватан фиристоданд. Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русияро даъват ва нигаронии шадиди худро баён дошту нотаи эътирозӣ супорид. Баъдан, Сергей Лавров, вазири корҳои ҳориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои ҳориҷии Тоҷикистон занг зад ва онҳо вазъи пешомадаро баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин нигаронии амиқи худро аз вазъи баамаломада ба таври қотеъ баён кард, Сергей Лавров гуфт, “нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунад”. Аммо мушкил ҳамоно боқӣ мондааст.
Дар пасманзари ин ҳаводис мо аз коршиносон пурсидем, ки сабаби аслии бархӯрди шадиди мақомоти Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ аст, паёмади он чӣ хоҳад буд ва он ба муносибати ду кишвар чӣ таъсир мерасонад.
Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
- Аз амалҳои Русия чунин ба назар мерасад, ки дар ин кишвар стратегҳои замони Шӯравӣ, донандагони назарияи муносибатҳои миллӣ дигар намондаанд. Сиёсатмадорони воқеӣ дигар таъсиргузор нестанд. Миллатгароӣ ва шовинизм қувват гирифтааст ва онҳо ба қонунҳои ин кишвар итоат намекунанд.
Дар асл халқи рус ва ҳукумати Русия дар ин ҳангомаҷӯии сиёсӣ гунаҳкор нестанд. Агар чунин мешуд, дар Русия 10 миллион муҳоҷир ҷамъ намешуданд. Онҳое, ки муҳоҷирбадбиниро ба роҳ андохтаанд, манфиатҳои миллии Русияро поймол мекунанд, онро ба бунбасти геополитикӣ мебаранд ва Русияро зери инзивои бештар қарор медиҳанд.
Ҳаводиси охир ба чораҳои пешгирӣ аз таҳдиди терроризм ҳангоми убури сарҳади ин кишвар аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ дар пасманзари ҳодисаи “Крокус”, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои ташкили он гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, рабт дорад.
Муҳоҷироне, ки ба ин кишвар барои кор рафтаанд, фикр мекунам, ба чунин корҳо даст намезананд. Онҳо ба ин ҳодиса дахл надоранд. Вале ҳангомаи дар ҷомеа бавуҷудомада ба он овардааст, ки қувваҳои интизомӣ нохудогоҳ дар шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳкоронро мебинанд. Ҳол он ки чунин набуда ва нест.
Чораҳои андешидаи мақомоти Русия нисбат ба тоҷикон, махсусан муҳоҷирони корӣ популизми рӯирост аст. Ман намедонам нақши президенти Русия дар ин ҳангомаҷӯиҳо чӣ гуна аст, вале хомӯшии ӯ моро нигарон кардааст, ки оқибаташ барои ин кишвар ваҳшатангез аст. Агар пеши миллатгароӣ гирифта нашавад, дар Русия ҳаракатҳои динӣ ва миллӣ-озодихоҳӣ авҷ хоҳанд гирифт, ки ин ба Русия, ки дар ҳолати ҷанг бо Украина аст, зарбаи марговар хоҳад буд. Ва онҳое, ки амали террористӣ дар “Крокус”-ро тарҳрезӣ кардаанд, ба мақсад хоҳанд расид.
Бояд гуфт, тағйири сиёсати муҳоҷират дар Русия бар зарари мо нахоҳад буд. Бо кишварҳои ҳампаймон роҳандозӣ кардани низоми раводид қувваи Русияро коҳиш хоҳад дод. Пеши ҳамгироиро хоҳад гирифт. Ягонагии халқҳои кишварҳои ИДМ-ро аз байн хоҳад бурд.
Мутаасифона, ин корҳое, ки нисбати тоҷикистониҳо шуд, маҳз барои аз байн бурдани садоқати тоҷикон нисбати русҳо буд. Душманони Русия ба ҳадафи худ расиданд. Ҳамакнун, барои барқарор кардани муносибати самимии шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия қасосгириро канор гузошта, бояд ба онҳо муносибати дуруст кунад ва барои вуруду кор имтиёзҳо диҳад.
Тоҷикистон ва Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймон ҳастанд. Дар Тоҷикистон Пойгоҳи 201-ум артиши ин кишвар қарор дорад. Ҳамчунин, маркази назорати кайҳони “Окно” дар Норак дар ихтиёри русҳо аст. Ин ҳама барои таъмини амният дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Аз ин лиҳоз, тира шудани равобит миёни ду кишвар ба манфиати ҳеҷ кадоме аз онҳо нест.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ:
- Сабаби ин ҳама кашмакашиҳо ва фишор болои тоҷикон “қасосгирӣ” барои пешгирӣ карда натавонистани ҳодисаи “Крокус” ва сафедкунии худ дар назари аҳолиӣ аз сӯи мақомоти қудратии Русия аст.
Сабаби дигар, дур кардани фикру ақидаи мардуми рус оид ба хисороти ҷанг дар Украина ва мушкилоти иҷтимоии ҷомеа мебошад. Яъне равона кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба мушкили терроризм ва дар ҳамин замина, мутаҳҳид кардани мардум дар атрофи президенти ин кишвар аст.
Дуруст аст, ки дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари дигарон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, вале ин маънои онро надорад, ки ба хотири 4 нафар, ки ҳоло гумонбар ҳастанд, як халқ, як миллат ё қавм ҷазо гирад.
Фикр мекунам, ин мушкили пешомада давоми ду-се моҳ ҳал мешавад ва вазъ мисли пешин мешавад, зеро иқтисоди Русия аз қувваи кории Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон вобастагии сахт дорад ва масъалаи демографӣ ҳам дар ин кишвар нигаронкунанда аст. Дар навбати худ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам имкон надоранд худро аз Русия канда, ба дигар ҷониб рӯй оранд.
Дар баробари ин, дар посух ба фишори Маскав болои муҳоҷирони корӣ Душанбе наметавонад, ки аз ҳузури Пойгоҳи 201-ум ва маркази назорати кайҳони “Окно” истифода кунад, зеро ҳузури ин пойгоҳи ҳарбӣ камтар аз Русия барои Тоҷикистон зарур аст. Яъне дар сурати истифодаи ин ду фишанг аз сӯи Тоҷикистон бар муқобили Русия, русҳо барои фишор болои ҳукумати Тоҷикистон фишангҳои сахттар доранд.
Бояд гуфт, шӯру ғавғое, ки расонаҳои Русия дар пайи ин ҳодиса ва гумонбарони ташкили он бардоштанд, фазои зиддитоҷикиро дар миёни ҷомеаи ин кишвар ташаккул дод ва он ба муносибати аҳолии ин кишвар бо муҳоҷирон асар кард.
Тасаввуроти “мардуми тоҷик ҳама террористанд” аз хотираи мардуми рус ба зудӣ зудуда намешавад. Ҳатто агар собит шавад, ки ҳодисаи “Крокус” кори дасти тоҷикон нест.
Барои ҳалли мушкили пешомада ва муътадил кардани муносибатҳо ҳар ду ҷониб бояд талош кунанд. Изҳороти тунд ва даъвати сафиру супоридани нота дар муносибати ду кишвар ҳодисаи бесобиқа аст. Ин далели он аст, ки Тоҷикистон дар ин муносибат мавқеи худро исбот мекунад ва шаъну шарафи худу шаҳрвандонашро ҳимоят мекунад. Вале дар ҳамин мавқеаш бояд истодагарӣ кунад ва он ҳатман натиҷаи мусбат медиҳад. Ин боис мешавад, ки муносибати мақомоти Русия на танҳо дар сарҳад, балки дар тамоми Русия нисбат ба тоҷикон ба самти мусбат тағйир ёбад.
Зиндагӣ бо “чашми дил”. Рӯзгори зану шавҳари нобино, ки беш аз 30 сол якҷо зиндагӣ доранд
Дар Хуҷанд барои президент қароргоҳи нав месозанд
Мусодираи 25 кг маводи мухаддир. Пулиси Хатлон се нафарро бо гумони нашъаҷалобӣ боздошт кардааст
Дар Тоҷикистон ҳифзи тутзорҳо пурзӯр карда мешавад
120 доллар не, балки 137 доллар. Нархи раводиди Туркия чанд пул аст?
Русия квотаҳои иҷозаи зисти хориҷиёнро дар соли 2025 ду баробар кам кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гуфтугӯйи қотир бо шутур”
Содироти барқ ба Афғонистон афзоиш меёбад. Беҳбудии навбатӣ дар барқтаъминкунии ВМКБ
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 30% афзуд
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста