Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфтааст, дар ҳалли баҳси марзӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон эҳтимоли табодули қитъаҳо истисно нест. Ӯ ин нуктаро дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории давлатии "Кабар"-и ин кишвар иброз доштааст.
Ин мансабдори Қириғизистон гуфтааст, ки ҳоло кори демаркатсияи сарҳад ба охир расида истодааст, ҳарчанд дар маҷмуъ, муайян ва аломатгузории ин раванд бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад.
“Мутаассифона, мо ду муноқишаро аз сар гузарондем. Бо талафот дар байни низомиён ва ғайринизомиён. Мардум ташвиш доранд. Нигаронӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳаст. Ҳам аз тарафи мо ва ҳам аз тарафи онҳо”,- афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои кории ду кишвар "метр ба метр пеш мераванд" ва таъйини марз дар баъзе аз қитъаҳо, аз ҷумла вилояти Бодканди ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, "душвор" аст. Чунки сарҳад дар онҷо "аз маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву ҳавлӣ ва ҳатто хонаҳо мегузарад".
"Ин бахши душвори созиш аст. Бояд гузашт шавад. Агар зарур бошад, мубодилаи ҳудудҳоро баррасӣ кардан мумкин аст. Мо, албатта, мехостем, ҳама чиз ба хости мо бошад, аммо бояд манфиати онҳоро низ ба назар гирем, зеро сарҳад аз байни ду давлат мегузарад. Ва онҳо манфиатҳои худро доранд. Ин тавозунро мо кофта истодаем ва бояд ҳарду ҷониб ба мувофиқа расанд. Тамоми раванди муайян кардани сарҳад бояд бо роҳи осоиштагӣ дар сари мизи гуфтушунид бо воситаи роҳҳои дипломатӣ пеш раванд”, гуфтааст дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон.
Дар идома Марат Имконқулов дар бораи ҳамсоядорӣ суҳбат карда илова кардааст, ки “мо (Тоҷикистону Қириғизистон дар назар аст, муаллиф) садҳо сол аст, ки дар паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ мекунем, онҳо ҳамсояҳои мо ҳастанд ва қабл аз ин ҳеҷ гоҳ чунин мушкилоти ҷиддӣ набуд. Мо Тоҷикистонро ҳамеша кишвари дӯст медонистем ва ҳанӯз чунин мешуморем. Дар оянда ҳам чунон ки Худо хостааст бояд канори ҳам зиндагӣ кунем”.
“Эҳтимоли табодули қатъаҳо истисно нест” гуфтани як мансабдори баландпояи Қириғизистон дар ҳолест, ки давоми як сол охир комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркасияи марзи ду ишвар фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Вале ҷониби Тоҷикистон боре дар бораи эҳтимол тободули қитъаҳо дар ҳалли ин масъала сухан накарадааст.
Қаблан, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонр ва ҳамзамон раиси ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, иттилоъ дода буд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.
Моҳи феврали соли равон, дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид шуда буд, ки “тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расониданд”.
Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ дар ин робита аввали моҳи декабр зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳои оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.
Тавре дида мешавад, баҳор ҳам дар ҳоли анҷомёбӣ аст, вале ҳайатҳои гурӯҳи корӣ дар аломатгузории ду кишвар ҳамрӯза вохӯрда баъзе нуктаҳоро мувофиқа ва протоколҳо имзо мекунанд. Вале ин қитъаҳо ва протоколҳо барои ҷомеа ошкор нест.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо чанд бор таъкид карданд, ки 90 дарсади хатти марз мувофиқа шудааст, аммо баҳс сари кадом қитъаҳои мушаххас меравад, маълук нест.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст. Аммо вақтҳои ҳайатҳои кории ҳарду кишвар пайваста мулоқотҳо мекунанд ва дар мавриди ҳалли баҳс аз пешрафтҳо ҳарф мезананд, лекин созишномаи ниҳоӣ то ҳол имзо нашудааст.
Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста