Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2024, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.
Навори суҳбати Ҳакан Фидан тавассути саҳифаи Телевизиони “Тоҷикистон” ва ҳам саҳифаи фейсбуки сафири Туркия дар Тоҷикистон намоиш дода шудааст.
“Аз ҷониби Қирғизистон хабари хушро оиди он, ки дар ҳалли масъалоҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расида шудааст, гирифта будем. Интизор меравад, ки созишнома дар моҳи март имзо шавад ва имрӯз дар инҷо имкон доштам, ки зимни мулоқоти худ бо ҷаноби президент ин хушхабарро таъйид намоям. Ҳамчун як кишвари бародар, ки ба минтақа таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, мо ба ин созишномаи сулҳ, ки як иқдоми бузург дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, аҳамияти зиёд медиҳем. Худо хоҳад, дар моҳи март Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳси сарҳадии худ ба таври расмӣ хотима бахшида, барои амнияту субот дар минтақа як гоми муҳиме хоҳанд гузошт”, - гуфт Ҳакан Фидан пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳузури рӯзноманигорон.
Моқомоти Тоҷикистон то ҳол ин суханони Ҳакан Фиданро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё воқеан Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масъалоҳои марзӣ ба мувофиқа расидаву имзои созишнома моҳи март дар назар аст.
Бояд гуфт, ки Ҳакан Фидан қабл аз сафар ба Тоҷикистон, рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.
Ба гузориши хабарнигории туркии “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба навиштаи ин расона, дар Бишкек Ҳакан Фидан гуфта, ки Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад.
Дар охирин мулоқоти худ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд баргузор гардид, иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди сана имзои созишнома чизе гуфта нашуд.
Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуд
ВАО: Дар Русия зиндониён аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва ба ҷанг рафтан маҷбур мекунанд
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста