Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Тоҷикистон (09:00), Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон (09:00), Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Тоҷикистон (Агентии «Тоҷикстандарт») (10:00) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» (11:00) оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ФЕВРАЛ

Соли 2006 – Аввалин парвоз дар масири Истанбул-Душанбе-Истанбул сурат гирифт.

Соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тайғирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Соли 2020 - Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳама парвозҳо ба Чинро лағв кард.

Соли 2020 - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошти рӯзноманигор Далер Шарифовро шарҳ дод. Ӯро ба барангехтани кинаву адовати... мазҳабӣ муттаҳам карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Мавлуди Оиша Абдулазизова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1952 – Мавлуди Убайдулло Давлатов, ҳуқуқшинос ва арбоби давлатӣ.

Соли 1956 – Мавлуди Обид Шакурзода, рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик.

Обид Шакурзода

 

Обид Шакурзода зодаи деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, соли 1978 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, баътар тарҷумонӣ ва рӯзноманигорӣ кардааст. Дар ҳафтаномаи “Ойинаи зиндагӣ”, хабаргузории “ИРНО”-и Эрон, ҳангоми дар шаҳри Прага зистанаш дар Радиои Озодӣ фаъолияти журналистӣ доштааст. Ҳоло дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик фаъолият мебарад.

Обид Шакурзода бо як қатор таҳқиқоту мураттаби чандин асарҳои классикон барои ададбиёти тоҷик хизмати арзанда анҷом додааст. Китоби “Қасас-ул-анбиё” бори аввал бо талоши ӯ ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст. Яке аз арзишмандтарин корҳои ӯ таснифи китоби “Шарҳи “Гулистон”-и Саъдӣ” ва “Шарҳи “Бӯстон”-и Саъдӣ аст, ки аз ҷониби Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст.

Соли 1974 – Мавлуди Шаҳоб Ҳусейнӣ, ҳунарпеша ва коргардони эронӣ, ки дар сатҳи байналмиллаӣ низ маъруфият дорад.

Шаҳоб Ҳусайнӣ

Шаҳоб Ҳусейнӣ яке аз ҳунарпеша ва коргардонҳои маъруфи Эрон буда, бо иҷрои нақш дар филмҳои  “Дар бораи Эллӣ”, “Ҷудоии Нодир аз Симин”, “Фурӯшанда” ва силсилафилми “Шаҳрзод” шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.  Ин ҳунарпеша дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Ӯ соли 2016 барои филми “Фурӯшанда” дар Ҷашнвораи Канн ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва барои нақши Қубод дар силсилафилми “Шаҳрзод” Ҷоизаи Ҳофизро ба даст овардааст.

Соли 1985 – Тӯҳфа Фозилова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Туҳфа Фозилова сарояндаи опера ва ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик буда, соли 1917 дар Конибодом зода шудааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз Театри мусиқӣ-драмавии Конибодом оғоз гардида, баъдан дар Театри мусиқии тоҷик, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Туҳфа Фозилова

Тӯҳфа Фозилова дар филмҳои “Дохунда”, “Зумрад”, “Имрӯз ва доимо” нақшҳои ҷолиб офарида, бо иҷрои як қатор сурудҳо низ маъруф аст.

Ӯ модари Марат Орифов, ҳунарпеша ва коргардони синамо аст.

Соли 1996 – Зодрӯзи Меҳрубон Сангинов, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси ҳирфавӣ.

Соли 1990 – Ҳикмат Ризо, ҳофиз, шоири халқӣ, гӯрғулисаро, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 95 солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола 3-уми феврал дар як қатор кишварҳо Рӯзи занҳои табибро таҷлил мекунанд. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри XIX занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихоботро надоштанд ва наметавонистанд дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд ва маълумоти касбӣ бигиранд, аз ҷумла дар соҳаи тиб.

Элизабет Блэкуэлл

Элизабет Блэкуэлл вазъиятро дигар кард. Муддати дароз ӯ ба таври инфиродӣ тибро меомӯхт, зеро он замон ягон донишгоҳ духтаронро қабул намекард. Боре маъмурияти Коллеҷи тиббии Женева донишҷӯёнро ба овоздиҳӣ даъват кард, ки ин духтарро ба таҳсил қабул кунанд ё на. Донишҷӯён фикр карданд, ки ин шӯхӣ аст, ба ҷонибдорӣ овоз доданд.

Элизабет муассисаи таълимиро бо баҳои аъло хатм кард ва сарфи назар аз ҳама монеаҳо соҳиби диплом, унвони магистрӣ шуд ва ба кор шурӯъ кард. Вай ҳатто тавонист дар Ню-Йорк барои занон як беморхона ва баъдтар курсҳои тиббӣ ташкил кунад. Ӯ баъдтар барои занон Мактаби тиббии Лондонро таъсис дод. Аз ин рӯ, Элизабет Блэкуэлл аввалин зани духтар дар таърих ва асосгузори ҷунбиши ҳуқуқи занон барои кор дар соҳаи тиб дониста мешавад. Таъҷили ин ҷашн ба рӯзи зодрӯзи ин зан, ки рӯзи 3-юми феврали соли 1821 аст, рост меояд.

3-юми феврали соли 1966 шабакаи байнисайёравии “Луна-9” аввалин маротиба дар ҷаҳон ба рӯйи Моҳ фуруд омад. “Луна-3” аввалин шабакае гардид, ки якбора ҳамсафари сунъии ҳам Замин ва ҳам Моҳ гардид, яъне мадори он, ки хеле дароз буд, ҳар ду ин ҷисмҳои осмониро фаро гирифт.


Ин калонтарин кашфиёти марҳилаҳои аввалини тадқиқи фазои Моҳ буд. Дар тарафи намоёни он ҳам майдонхои континенталии сабук ва ҳам “баҳр”-и торик ва дар тарафи ақиб континенти муттасил мавҷуд аст.

3-юми феврал Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ аст. Пӯшида нест, ки жаргон ва “сленг”-ҳо хоси гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ буда, аз рӯи синну сол, мансубияти касбӣ, намуди фаъолият ё маҳфилҳо фарқ мекунанд. Баъзе ибораҳои жаргонӣ аксар вақт ба як қисми муоширати ҳаррӯза табдил ёфта, аз доираи гурӯҳҳои жаргонӣ берун мешаванд.


Забони ғайримеъёрӣ инчунин ибораҳои фаҳшо, бешармона, ҳақорат ва ифротгароиро дар бар мегирад, ки корбурди онҳо на танҳо хилофи қонун аст, балки намунаи рафтори зиддиҷамъиятӣ мебошад, ки боиси бархурди манфии ҷомеа мегардад. Мақсад аз ин рӯз тоза кардани забон аз суханони ғайримеъёрӣ аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 29-34º сард, дар баъзе минтақаҳо то 39-41º сард, рӯзона аз 10-15º то 19-21º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12-14º сард, рӯзона 2-4º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.