Корҳои таҳқиқи сабабҳои садама дар низоми энергетикии кишвар, ки рӯзи 28 октябр рух дода, ба қатъи барқ қариб дар саросари кишвар муддати чанд соат боис гардид, то ҳол идома доранд. Коршиносон ин садамаро ба муносибати хунукназаронаи энергетикҳо нисбат ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ) марбут медонанд.

«Сабабҳои садама баъди анҷоми кори комиссияи махсус, ки рӯзи дигар баъди садама таъсис дода шуд, эълон мешаванд. Ин корҳо то ҳанӯз идома доранд», - иттилоъ доданд ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик».

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон садамаро комилан табиӣ ва пешбинишуда мешуморанд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

«Соли 2010 мо қонун «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ)»-ро қабул карда, бехатарии ИГТ-ро дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ низ танзим мекунанд. Дар ин аснод саҳеҳан тамоми қоидаҳои истифодабарии ИГТ зикр шудааст, аммо на ҳамаи бандҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор риоя мешаванд», - гуфт як коршинос дар бахши гидоэнергетика, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, яке аз бандҳои асосии асноди қабулшуда ҳатман баргузор намудани ташхиси давлатии эъломияҳои бехатарии ИГТ мебошад.

«Зимни баргузории чунин ташхис комиссияи махсус қисматҳои хавфноки иншоотро муайян месозад, то ки минбаъд баҳри пешгирии онҳо чораҷӯӣ шавад, вале ҷудо кардани маблағ барои баргузор кардани чунин ташхисро дар мо харҷи беҳудаи пул меҳисобанд ва бо назардошти ин, рух додани чунин садамаҳо комилан имконпазир аст. Ягона иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки бар асоси таҳқиқи эъломиявӣ мавриди истифода қарор дорад, нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аст», - афзуд номбурда.

Намояндаи яке аз мақомоти энергетикии кишвар, ки таври маълум ӯ низ аз ифшои ному насаабаш худдорӣ варзид, дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин садама ҳама гуна иншоот, сар аз нерӯгоҳи Норак то зеристгоҳи «Регар-500» ва ҳатто корхонаи алюминий низ айбдор буда метавонанд.

«Дар асл бошад, ба нерӯгоҳи Норак оид ба қатъи қабули барқ аз ҷониби истеъмолгарон огоҳии бардурӯғ мерасад. Таҷҳизоти муосир дарҳол ба кор даромада, кори агрегатҳои нерӯгоҳ ба таври автоматӣ боздошта мешаванд, то ки аз садамаҳои бештар бузург пешгирӣ шавад. Акнун касе масъулияти садмаро ба дӯш гирифтанӣ нест ва ҳама онро ба гардани нерӯгоҳи Норак «бор карданианд» ва ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз нерӯгоҳ огоҳии мавҷуд набудани истеъмолгаронро дуруст қабул намуда, истеҳсоли барқро боздошт, ки баъдан интиқоли он ғайриимкон буд», - зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, барои ошкор кардани сабабҳои ин ҳолат коршиносони русиягӣ ба Тоҷикистон даъват шудаанд, зеро қонун ва санадҳои зерқонунии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ пурра аз қонунгузории Русия рӯнавис шудаанд.

Ҳарчанд дар ширкати «Барқи тоҷик» ин маълумотро қотеъона рад мекунанд, вале манбаъҳо дар ниҳодҳои энергетикӣ мегӯянд, гурӯҳи мутахассисони русиягӣ бо сарварии Дмитрий Радкевич, ки солҳои ахир ба ҳайси сардори Маркази бехатарии иншооти гидротехникии Вазорати энергетикаи Русия фаъолият доштааст, аллакай ба кор оғоз намудааст. Айни замон Дмитрий Радкевич маҳз дар соҳаи баргузор намудани ташхисҳои эъломияи бехтарии иншооти гидротехникӣ машғули кор аст.