Моҳи октябри соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон дар ҳаҷми ҳудуди 46 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт хабар доданд, моҳи гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон - 38,6 млн. кВт/соат ва ба Қирғизистон - 7,1 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии наздики 50 млн. доллари ИМА дар маҷмӯъ 1 млрд. 353 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 1 млрд. 260 млн. кВт/соат ба Афғонистон ва боз наздики 93 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ иттилоъ доданд. Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1 ноябр ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), дигар ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон барои пардохти маблағи истифодаи барқ тарифҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами ҳозира то ба 14,65 дирам барои 1 киловатт/соат зиёд карда шуд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуданд, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) расман аз 1 ноябр ҷорӣ шуд. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба ҷуз пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар, дигар дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дорад.

«Мутаассифона, дар мавсими тирамоҳу зимистон обуҳаво имкон намедиҳад, ки тамоми ҷумҳурӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин гардад, зеро дар ин давра нерӯи барқ танҳо аз оби маҷрои дарёи Вахш истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо лозим меояд, ки захираҳои оби обанбори Норакро истифода кунем. Айни замон ба минтақаҳои кишвар дар ҳаҷми муайяне нерӯи барқ дода шуда, агар ин ҳаҷм мувофиқи таъинот ва сарфакорона истифода шавад, он ба муҳлати зиёд кофӣ аст», - гуфтанд дар ширкат.