Арзиши хизматгузориҳои Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) барои операторони алоқаи мобилӣ ба андозаи 36% - то 15 дирам барои транзити ҳар як дақиқаи занг боло рафт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Марказ ҳамагӣ якуним моҳ қабл дар реҷаи озмоишӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Зангҳои алоқаи мобилӣ ва трафики интернети ҳамаи операторон ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) тариқи Маркази ягонаи коммутатсионии назди оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» мегузаранд.
Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев, нахуст операторони алоқи мобилӣ барои ҳар як дақиқаи пайваст ба МЯК 11 дирам пардохт карда, давоми ду моҳи нопурра тариф бозбинӣ ва аз 1 январ ҳар як дақиқа аллакай 15 дирам арзиш дорад.
«Дар ниҳояти кор ин сарборӣ ба дӯши муштариён вогузор мегардад. Арзиши аслии алоқаи байнулмилалӣ боло рафт ва мутаноситбан операторони алоқаи мобилӣ низ дар навбати худ ба боло бурдани тарифҳо маҷбуранд», - иброз дошт номбурда.
Ба андешаи ӯ, дар Хадамоти алоқа мегӯянд, Марказ бо мақсади «таъмини амнияти миллӣ ва иттилооотӣ» таъсис дода шуда, вале ин тавр нест ва он ба хотири тиҷорат бунёд шудааст.
«Мо ваҷҳ овардем, ки тамоми алоқаи кишвар набояд дар як марказ ҷамъ оварда шавад, вале касе моро шунидан нахост. Ташаббускорони таъсиси марказ ба мо асос оварданд, ки «нерӯҳои тахрибкор алоқаро дар самти нодуруст истифода мекунанд ва аз ин рӯ, ҳукумат дар бораи таъсиси МЯК қарор қабул кард». Вале охир операторони алоқаи мобилӣ бе ин ҳам ба сохторҳои қудратӣ робитаи зич дошта, таҷҳизоти махсус амал мекард ва кормандони сохторҳои қудратӣ ба он дастрасии муайян доштанд. Ҳамааш муътадил фаъолият дошт, ҳама розӣ буданд, шояд ба ҷуз Хадамоти алоқа», - гуфт Иркаев.
Дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки бар асари ин ташаббус хизматгузориҳои ширкатҳо барои муштариён қимат мешаванд.
«Дар ниҳояти кор истифодаи муштариён низ аз хизматрасониҳо кам мешавад ва дар идома даромади ширкатҳо ҳам коҳиш меёбад, ки дар навбати худ ба коҳиши хароҷоти асосӣ ва ихтисори ҷойҳои корӣ ҳам дар худи ширкатҳо ва ҳам дар ширкатҳои паймонкор боис мегардад», - таъкид доштанд намояндагони яке аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ.
Қобили зикр аст, ки қарори ҳукумат дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ моҳи январи соли гузашта қабул шуда буд.
Бархе аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки зери таъсиси МЯК дар амал монополия (инҳисор) кардани бозори хизматгузориҳои алоқа сурат гирифта истодааст, ки ба бад шудани сифат ва назорати сартосарии фаъолияти операторон ва провайдерони кишвар оварда мерасонад.
Ҳамчунин мебояд гуфт, тибқи арзёбӣӣ коршиносон, танҳо барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурии Марказ ҳадди ақал 50 млн. доллари ИМА масраф шудааст.