Хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе - Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

- Парвози ҳавопаймои нахуст тавассути хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе, ки бояд санаи 20 феврал аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешуд, бо айби ҷониби Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд, - иттилоъ дод хабаргузории Kun.uz бо истинод ба намояндаи мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон саривақт расмиёти маъмурии дахлдорро ба иҷро нарасонида, дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои расмиро ба Тошканд ирсол накардааст. Дар хабар доир ба талаб шудани маҳз кадом ҳуҷҷатҳо маълумот дода намешавад.

Ҳамчунин мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон маълумоти чанде қабл интишоршуда дар ВАО доир ба хоҳиш надоштан ва омода набудани Тошканд ба қабули ҳавопаймо аз Душанберо рад кардаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории ӯзбекистонӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аллакай барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ аз Тошканд маъзарат хостааст.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик ширкати миллии ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», ки баробар бо ширкати тоҷикистонӣ парвозҳо ба Душанберо анҷом медиҳад, оид ба ин масъала маълумоти расмӣ интишор хоҳад кард.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол ин маълумоти интишоршуда дар ВАО-и Ӯзбекистонро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд. Барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста шуда, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида шуданд.

Дар худи ширкати ҳавопаймоӣ чанде қабл ба масъала каме рӯшанӣ андохта, зикр карданд, ки «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» масоили техникии роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрро баррасӣ доранд.