Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон - «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» намояндагии расмии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошканд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ аз 4 апрел оғоз мегардад.
Намояндаи расмии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз ин ширкат ба кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои ИДМ, аз ҷумла 15 шаҳри Русия парвозҳо анҷом медиҳад.
«Бо ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбеву Тошканд шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатӣ, сайёҳон ва тоҷирону соҳибкорони машғули кор дар Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки аз хизматгузориҳои мо тавассути транзит ба Тошканд истифода кунанд», - иброз дошт Рӯзимуродов.
Ба қавли номбурда, барои дастрас кардани билетҳои ширкат дар Тоҷикистон онҳо бо ширкати «Антарес» таҳти тамғаи тиҷорати FLY.TJ созишнома баста, нуқтаҳои фурӯши билетҳои ин ширкат дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва тавассути шабакаҳои худ онҳо метавонанд дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ин гуна хизматгузориро ба роҳ монанд.
Ӯ ҳамчунин рақами телефонҳои ин ширкатро пешниҳод намуд, ки оид ба масъалаи харидории билетҳо ба онҳо метавон муроҷиат кард: 992 900 03 70 07; 992 900 55 90 09.
Рӯзимуродов ҳамчунин зикр кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд ду маротиба дар як ҳафта - рӯзи сешанбе (соати 9:50) ва рӯзи шанбе (соати (13:40) сурат гирифта, вақти парвоз ҳудуди 1 соатро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи парвози ҳавопаймо ба Тошканд аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» то ҳанӯз маълум нест.