Кумитаи чанде қабл дар Тоҷикистон таъсисёфтаи рушди сайёҳӣ чӣ миқдор зарур будани ҳоҷатхона ва меҳмонхона (мотел)-ҳо барои сайёҳонро ҳисобу китоб дорад. Ин ҷо сари дар ҷумҳурӣ мавҷуд набудани шароитҳои оддӣ барои ҷалби сайёҳон сухан меравад, ки муддати ду сол боз идома дорад, вале то ҳол ягон ҳоҷатхона ва меҳмонхона сохта нашудааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мавриди ҳисобу китоби ҳоҷатхона ва меҳмонхонаҳо дар ҳар кадоме аз шаҳру навоҳии кишвар мониторинг гузаронида, тибқи маълумоти ин ниҳод, айни замон дар Тоҷикистон барои сайёҳон 100 хостел (макони иқомат) вуҷуд дорад.

Аз ҳоҷатхонаҳои ҳанӯз соли 2015 ваъдашуда то ҳол ягонто сохта нашудааст. Мутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумита Фаррух Иззатуллоев мегӯяд, феълан онҳо миқдори иншооти зарурӣ барои сайёҳонро ҳисобу китоб карда, бо анҷоми ин кор, пешниҳодҳо ба ҳукумат равона мегарданд ва масъалаи аз кадом маблағу воситаҳо сохтани чунин иншоотро ҳукумат ҳаллу фасл мекунад.

Ба гуфтаи Иззатуллоев, ба ҳисобу китоби иншооти оддии зарурӣ гурӯҳи корие машғул аст, ки ба ҳайати он ба ҷуз кормандони Кумита, ҳамчунин мутахассисони Кумитаи заминсозӣ ва сохтмону меъморӣ низ шомиланд.

Зимнан зикр гардид, ки барои то андозае даст ёфтан ба ҳаллу фасли масъалаи камбуди меҳмонхонаҳо намояндагони Кумита бо сокинони минтақаҳои бештар барои сайёҳон писандида вохӯриҳо мегузаронанд.

“Мо ба сокинони маҳаллӣ тавсия медиҳем, ки дар манзилҳои худ барои сайёҳон ҳадди ақал як хона ҷудо карда, дар он тозагиву тартибро таъмин намоянд, то ки сайёҳон дар он бемамониат зиндагӣ карда бо табиату фарҳанги мо аз наздик шинос шаванд, - иброз дошт ӯ. - Мо асосан бо сокинони водии Зарафшон ва Кӯҳистони Бадахшон, ки ин самтҳо барои сайёҳон бештар писандида аст, чунин суҳбатҳо мегузаронем”.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии аввали соли равон Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода изҳор намуда буд, ки дар роҳҳои асосии Тоҷикистон сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр барои сайёҳон меҳмонхонаҳову ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд.