Барои Тоҷикистон ангишти дар кишвар истихроҷмешуда ашёи хоми энергетикие мебошад, ки ивази пурраи он ояндаи наздик душвор аст. Чунин аст хулосаи коршиносони Бони авруосиёии рушд (БАОР).

Дар гузориши яке аз раёсатҳои БАОР таҳти унвони “Саноати истихроҷи ангишт дар кишварҳои узви БАОР” дар ин робита қайд мешавад, ки шурӯъ аз соли 2012 дар партави коҳиш ва билохира қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон коркарди захираҳои дохилии ангиштро ба таври қобили мулоҳиза зиёд кард.

Гуфта мешавад, суръати афзоиши истихроҷи солона ба ҳисоби миёна давоми солҳои 2012-2016 тақрибан 44% ва дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда 20,6% (то 541 ҳазор тонна)-ро ташкил дода, минбаъд ҳукумат баҳри таъмини натанҳо алаботи дохилӣ, балки содироти ангишт ба хориҷи кишвар, иқтидорҳои истеҳсолиро дар ин самт афзоиш доданист.

Коршиносон ба хулоса расидаанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои узви БАОР бахши саноати истихроҷи ангишт минбаъд низ рушд хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 1,4 млн. тонна ва нимолсаи аввали соли ҷорӣ 540 ҳазор тонна (100 ҳазор тонна бештар нисбат ба 6 моҳи соли 2016) ангишт истихроҷ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, экологҳои тоҷик аз сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нигаронӣ изҳор намуда, бар ин назаранд, ки он ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.