Ба сохтмони қисмате аз хати интиқоли барқи дар доираи амалисозии лоиҳаи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар қаламрави Афғонистон ду ширкати Ҳиндустон - KEC International Limited ва Kalpa-Taru Power Transmission Limited машғул хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи Президенти Афғонистон миёни ширкатҳои миллии интиқолдиҳандаи нерӯи барқи Афғонистон “Да Брешна Шеркат”, ширкатҳои ғолиби тендер дар Афғонистон KEC International Limited ва Kalpa-Taru Power Transmission Limited се қарордод доир ба корҳои сохтмонӣ ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинии муҳими минтақавӣ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин шахсони масъул аз Покистон, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистонро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шоимзода Ҷамшед Шодӣ намояндагӣ кард.

Зикр мегардад, ки зимни суханронӣ Шоимзода Ҷамшед ба имзо расонидани лоиҳаи сохтмонӣ дар доираи лиҳаи CASA-1000-ро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла дорои аҳамияти минтақавӣ будани онро махсус қайд намуд. Иброз гардид, ки лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 натанҳо барои пайваст гардидани шабакаҳои нерӯи барқи мамлакатҳои шарик, инчунин ҷиҳати боз ҳам таҳкиму тавсеа ёфтани робитаҳои дӯстии миёни кишварҳо дар маҷмӯъ, мусоидат хоҳад кард.

Қайд мешавад, ки қабл аз доир гардидани чорабинӣ мулоқоти Ҷамшед Шоимзода бо вазири энергетика ва оби Афғонистон Алӣ Осмонӣ доир гардида, дар он ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои дӯстии байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика дар доираи лоиҳаи байниминтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 табодули афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.