Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1,0 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи -2,0 фоиз таъсир расонид. Инчунин, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 0,1 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,4 фоиз афзуданд.
Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар моҳи ҳисоботӣ поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, тухм, шакар, равғани пахта, шир, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра мушоҳида гардид.
Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин пеш аз ҳама бо воридшавии зиёди ин маҳсулот арзёбӣ гардида, ба муътадил шудани нархи он оварда расонид.
Аз аввали сол сатҳи таваррум -0,8 фоизро ташкил дод. Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 2,5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 2,7 банди фоизӣ кам мебошад.
Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадилро идома дода, дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% ± 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.