Ба Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё омбудсмен дар Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун гумонбари асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳ қарор доранд, вохӯрад. Дар ин бора худи ӯ имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, баъдан ин вазъро телефонӣ бо Татяна Москалкова, омбудсмени Русия баррасӣ кард ва ӯ эътироф намуд, ки намоиши оммавии боздоштшудагон тавассути телевизион ва шиканҷаи онҳо қонуншиканӣ аст.
Татяна Москалкова ваъда додааст, ки вазъро ҳамаҷониби таҳқиқ карда, дар доираи қонун чораандешӣ мекунад.
Омбудсмени Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Русия чораҳо меандешад, то ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳифз шаванд.
Бояд гуфт, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус”, ки 144 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошт гардида, қариб як сол мешавад дар боздоштгоҳ қарор доранд. Онҳо Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов мебошанд. Наздикону пайвандони боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом бовар надоранд.
Нигаронӣ аз вазъи муҳоҷирон дар Русия
Ҳамчунин, Умед Бобозода дар ҳузури рӯзноманигорон дар робита ба бад шудани вазъи муҳоҷирон баъди ҳодисаи “Крокус” нигаронӣ карда, гуфт, ба ҳамтои русаш зиёда аз 10 нома дар бораи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ирсол кардааст. Вале танҳо ба мактуби охираш, ки моҳи октябри соли 2024 ирсол шуда буд, ҷавоб гирифтааст.
"Дар посух ба муроҷиати охирин ваъда дод, ки ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳимоя мекунад. Вай гуфт, ки муроҷиати онҳо бо чанде аз намояндагон ва Вазорати корҳои дохилии Русия, инчунин бо дигар ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар дигар минтақаҳои Руссия баррасӣ шудааст. Онҳо изҳор карданд, ки ин масъала таҳти назорат қарор дода мешавад. Аммо то ҳол маълум нест, ки ин чӣ гуна амалӣ мешавад", - зикр кард Умед Бобозода.
Ӯ гуфт, ки нашри наворҳои зиёди муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нақзи ҳуқуқашон сабаб шуд, ки вай ба ҳамтои руси худ дархост фиристода, аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят канад.
Бояд гуфт, Бобозода моҳи октябри соли 2024 бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ дар ин нома аз Татяна Москалкова хоста буд, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия таваҷҷуҳ кунад ва ин масъаларо зери назорат гирад.
«Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар марз барои муддати тӯлонӣ, баъзан то чанд рӯз, бе шароити кофии нигоҳдорӣ ва таъмини ғизо нигоҳ медоранд. Дар байни онҳо кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён, шахсони солхӯрда, занон ва кӯдакон низ ҳастанд», - зикр мешуд дар муроҷиат.
Ёдовар мешавем, ки баъди ҳодисаи “Крокус” фишору таъқиб болои муҳоҷирони кории тоҷик якбора авҷ гирифта, мақомоти ин кишвар будини шарҳ садҳо муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ ва ё дар сарҳади ин кишвар намегузоштанд, вориди Русия шаванд.Ин вазъ то ҳол идома дорад.
Пулис ҳам метавонад ихроҷ кунад. Аз моҳи феврал барои муҳоҷирон дар Русия чӣ тағйир меёбад?
Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест... Ёде аз Зиёдулло Шаҳидӣ, ки имсол 110 сола шуд
Ҳалокати 30 кас дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон дар як сол
“Аз шумори хубони порсигӯст ва ашъораш бо ишқ қироат мегардад”. Таҷлили 60-солагии Фарзона дар Эрон
Гумонбарони ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шудаанд
Кумитаи манзилию коммуналӣ: Дастрасии аҳолӣ ба оби тоза зиёд ва сарборӣ ба зерсохтори коммуналӣ низ меафзояд
Раисҷумҳури Қирғизистон: “Сокинони хонаҳое, ки дар сарҳад бо тартиби шоҳмот ҷойгиранд, кӯчонида мешаванд”
Истиқлол. Соҳибони “хонаҳои бесоҳиб” пайдо шуда, аз додани манзилҳояшон ба ниёзмандон норозигӣ кардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй”
Амрико кумакҳои хориҷиашро муваққатан қатъ кард. Ин аллакай ба Тоҷикистон таъсир расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста