Дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи роҳбарону вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Шоҳигарони Арабистони Саудӣ Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

1/5

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар оғози форум Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содда гардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Зимни баргузории Форум роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан судмандро дар ин самтҳои муҳими ҳамкорӣ мувофиқи мақсад шумориданд.     

Ҳамзамон тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷонби бахши хусусии кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омузиш ба ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.