Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ҳамаи онҳо аъзои як оила будаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки ҳодиса соати 05:30 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дода, баъди заҳролудшавӣ 4 кӯдак аз ҳуш рафтанд.
“Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”,-гуфтааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ду нафари дигар, ки ҳоло дар бемористон ҳолашон вазнин аст, писари 14-сола ва духтари 10-сола мебошанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки “огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд”.
КҲФ бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки “ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд”.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.
Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисданд. Ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.





Дар истифодаи замин дар Тоҷикистон қонуншиканиҳои зиёд ошкор шуданд
Талаботи нав барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд оилаашонро ба Русия баранд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 24
Ҳабси 39 кас ва ҷалби 216 тани дигар ба корҳои ислоҳӣ. Дар Тоҷикистон беш аз 13,7 ҳазор нафар пули “алимент”-ро надодаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 феврали соли 2026
“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод
Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд
Шикояти 15 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла Чину Эрону Русия ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
“Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро. Беш аз 27,7 ҳазор қарздор аз ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистон маҳрум будаанд
“Баъди бурди Грин-корт ба Амрико рафта буд”. Марги зани 36-солаи тоҷик дар Амрико
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста