Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир, ки рӯзи 15-уми декабр мошинашон ба дарёи Фон сарозер шуда буд, идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) мегӯяд, мошинро рӯзи 17-уми декабр аз умқи дарё берун оварданд, вале дар он ҷасадҳо набуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии рӯзи 17-уми декабр соати 12:40 дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи Оби-Куҷ, деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ мошине, ки ба ронанда Гулов Абдуфотил Файзиевич, сокини ин ноҳия тааллуқ дошт, аз дохили дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.
КҲФ гуфтааст, ки ин мошин рӯзи 15 –уми декабри соли 2024, соати 15:30 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумарғ ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум дучори садама шуда, аз баландии тақрибан 150-200 метр ба дарёи Фон сарозер шуд.
“Ғайр аз ронана дар дохили мошин ду нафари дигар, бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд”, - гуфтааст ин ниҳод.
Ба иттилои КҲФ корҳои кофтуковӣ дар мавзеи мазкур идома дорад.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста