Нишондиҳандаҳои пешбинишудаи буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 фоиз барзиёд иҷро шуд. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади буҷет наздики 4,4 млрд. сомониро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми се моҳи соли равон 4 млрд. 375,2 млн. сомонӣ ё худ 101,2% аз нақшаи саҳеҳшударо ташкил додааст.
Зиёда аз 76%-и даромади буҷетро маблағҳои воридшуда аз андоз ташкил додаанд, ки ҳаҷми умумии он ба 3 млрд. 331,4 млн. сомонӣ баробар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта андоз аз даромад ва андоз аз фоида ба миқдори 105 млн. сомонӣ, аксизҳо - 14 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда - 242 млн. сомонӣ афзудаанд.
Маблағҳои дигар (ғайриандозӣ)-и воридшуда дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет 286 млн. сомонӣ ё худ 6,5%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 млн. сомонӣ камтар шудааст.
Хароҷоти буҷети давлатӣ семоҳаи аввали соли равон 4 млрд. 24 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо се моҳи аввали соли 2017 ба миқдори 402 млн. сомонӣ ё худ 9,1% камтар мебошад.
Қаирб панҷяки хароҷоти буҷет ба комплекси таъминот бо сӯзившорӣ ва энергетика ва наздики 17% - ба бахши маориф рост меояд.
Ҳамчунин дар сохтори хароҷот ҳиссаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 14,3%, тандурустӣ - 7,3%, нақлиёт ва коммуникатсия - 5,2% низ назаррас аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.