Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов сабабҳои болоравии нархҳоро ба хизматгузории корхонаи “Обу корези Душанбе” дар соли 2018 шарҳ дод.

“Ин пеш аз ҳама ба фарсудашавии таҷҳизот марбут аст, ки ҳанӯз соли 1932 васлу насб шудааст, - изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии санаи 30 январ. – Муҳлати истифодаи 70%-и низоми зеризаминии таъминот бо оби нӯшокӣ ва 50%-и қубурҳои обу корез кайҳо гузаштааст. Кумак аз буҷет, гранту қарзҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба барқарор сохтани ҳамагӣ 9%-и ин низом кифоя кард”.

Бино ба гуфтаи Дилшод Қурбонов, даромади солонаи корхонаи “Обу корез” 52 млн. сомонӣ ва хароҷоташ – 81 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа қарзи корхона назди буҷети шаҳр, Кумитаи андоз ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ то ба 205 млн. сомонӣ расидааст.

Зимнан  зикр гардид, ки тақрибан 40%-и қаламрави Душанбе имрӯз ба обу корез дастроасӣ надошта, 60%-и истеъмолгарон ҳисобкунакҳои об надоранд.

Дар баробари ин Қурбонов хотирррасон намуд, ки дастгоҳҳои ҳисобкунаки об бояд аз ҳисоби корхонаи “Обу корези Душанбе” мувофиқи қонун бепул насб шаванд.

“Ин ғайриқонунӣ аст. Агар кормандон барои насби дастгоҳи ҳисобкунаки об пул талаб кунанд, метавонед бо ариза ба Хадамоти зиддинҳисории Душанбе муроҷиат намоед, тадбир меандешем”, - таъкид дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки мақомоти шаҳрдории Душанбеба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дод, ки гузоштани дастгоҳҳои ҳисобкунаки обро то охири соли 2018 – ба 55% аз шумори умумӣ, то аввали моҳи майи соли 2019 – то ба 70% ва то моҳи ноябри соли 2019 – ба беш аз 85% расонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.