Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон пешниҳоди як ширкати ҳавопаймоии Эронро дар мавриди роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон мавриди омӯзиш қарор додааст.

Директори Агентии мазкур Икром Субҳонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 11 феврал дар ин робита хабар дод, ки ин пешниҳод ба онҳо чанде қабл тариқи робитаҳои дипломатӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расидааст.

Ӯ ширкати ҳавопаймоии эрониро ном набурд ва танҳо қайд кард, ки мақомоти авиатсионии Эрон ин ширкатро масъули боркашонӣ ва бағоч дар самти Теҳрон-Душанбе таъин кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе манбаъҳо дар доираҳои авиатсионии Тоҷикитсон мегӯянд, ин пешниҳод аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии начандон бузурги хусус (чартерӣ) расидааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии эронии “Осмон Эйр”, ки қаблан ба Тоҷикистон парвоз анҷом медод, аллакай қариб муддати ду сол аст, ки ин парвозҳоро иҷро намекунад.

Икром Субҳонзода дар ин маврид изҳор намуд, ки аз сабаби қатъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Тоҷикистон огаҳӣ надошта, аз эҳтимол дур намедонад, ки “ин шояд ба фаъолияти молиявии онҳо вобаста бошад”.

Бино ба гуфтаи Субҳонзода, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ба шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳади Эрон ширкати “Тоҷик Эйр” анҷом медод, ки айни замон дар вазъи молии душвор қарор дорад.

“Парвозҳо пас аз рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи молиявии ширкати ҳавопаймоӣ барқарор карда мешаванд”, - иброз дошт номбурда.

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки байни Тоҷикистону Эрон дар бораи алоқаи ҳавоӣ созишнома амал мекунад.

“Барои анҷоми парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад”, - илова намуд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.