Имрӯз дар Душанбе мурофиаи дуввуми чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи шаш моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, паси дарҳои баста баргузор гардид.
Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) тақрибан 4 соат идома кардааст, наздикони гумонбарон ба толори мурофиа роҳ дода нашуданд, танҳо вакилони дифоъ ба мурофиа даромаданд.
Мақомот бо далели муҳри махфӣ доштани парвандаҳо аз ҷузъиёти мурофиа иттилоъ намедиҳанд.
Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфтанд, ки “мурофиа дар СИЗО баргузор мешавад ва парвандаҳо мӯҳри махфӣ доранд, мо чизе намедонем”.
Вакилони дифоъ ва пайвандони нафарони боздоштшуда низ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.
Як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мурофиаи ахир назари айбдоршавандаҳо нисбати парванда гирифта шудааст.
Ба иттилои дастрас, дар мурофиаи имрӯз 4 айбдоршаванда - Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.
Интизор меравад, ки мурофиаи сеюм рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр баргузор шавад ва дар он чанд айбдоршавандаи дигарро бозпурсӣ кунанд.
Аввалин мурофиаи додгоҳии 8 чеҳраи шинохтаи боздоштшуда рӯзи 14-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) паси дарҳои баста баргузор гардида буд.
Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард.
Рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:
- Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста