Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (9-0) дар рақобат бо варзишгари Чин Ван Ле Куан (8-3) дар Ҷоми ҷаҳон дар Пекин пирӯзӣ ба даст овард.
Аз сонияҳои аввал ӯ нисбат ба ҳарифаш маҳорату малакаи хубтару бартариянок нишон дода, доварон ғалабаро ба боксчӣ аз Тоҷикистон сазовор донистанд.
Муштзани мағлубнашудаи тоҷик бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуда, ба даври нимфиналии мусобиқаи Гран-при роҳ ёфт. Ҳарифаш дар ин давр баъдтар маълум мешавад. Барои ғалаба Баҳодур ба маблағи 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифт.
То ин мусобиқа Усмонов моҳи июл дар Олимпиадаи Париж қуввваозмоӣ карда буд. Дар он ҷо ӯ дар рақобати аввал бо намояндаи Буоғористон Радослав Росенов бо ҳисоби 0-5 ба шикаст дучор шуд. Моҳи июн дар Екатеринбурги Русия ӯ бар Довуд Алаев дастболо шуда буд.
Баҳодур Усмонов 21 декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Муштзан миёни ҳаваскорон ва касбист, ки дар дараҷаҳои вазни сабук ва нимасабуки якум ҳанарнамоӣ мекунад.
Иштирокчии мусобиқаи даставии нимакасбии «Лигаи бокс. Ҷоми интерконтиненталӣ» (2022). Мавқеи беҳтарин тибқи радабандии BoxRec – 63-ум (майи соли 2023). Усмонов аввалин варзишгар байни муштзанони тоҷик аст, ки ба феҳристи 65 беҳтарин муштзанон дар вазни сабук шомил шудааст
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.