Дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 10 июн маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, иқтидори солонаи корхонаи наве, ки бунёд мешавад, истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.
“Барои амалисозии ин иқдом 100 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд”, - омадааст дар маълумот. Тибқи баъзе хабарҳо, ин воситаҳо аз сармоягузорони Чин ҷалб хоҳанд шуд.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки корхонаи нав каме дуртар аз корхонаи амалкунанда дар қаламрави ноҳияи Варзоб сохта шуда, пас аз ба истифода додани он, корхонаи амалкунандаи сементбарорӣ дар пойтахт фаъолияташро қатъ месозад.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон низ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 600 ҳазор тонна дар як сол бунёд мегардад.
Ҳиссаи корхонаи “Тоҷиксемент”-и Душанбе дар ҳаҷми умумии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон айни замон наздики 6%-ро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли семент ба сурати умуму 18 корхона машғуланд.
Айни замон корхонаҳои асосии истеҳсолкунандаи сементи ҷумҳурӣ корхонаҳои Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар 85%-аш ба онҳо рост меояд.
Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар кишвар беш аз 1,2 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи кишвар талаботи дохилии кишварро бо ин масолеҳи сохтмон пурра таъмин мекунанд: ҳудуди 40% сементе, ки тӯли се моҳи имсол дар ин корхонаҳо истеҳсол шудааст, ба кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содирот мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.