Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз хориҷи кишвар мехарад. Қариб 90%-и маводи сӯзишворӣ ва молиданӣ аз Русия ворид мегардад. Мутаносибан, барои харидани сӯзишворӣ ба ширкатҳои воридкунанда асъори мубодилавӣ - доллар ё рубл лозим аст. Ва ин ҷо мушкилоти зиёд ҷой дорад. Мушкилоти хеле сангин...

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишвории Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ба мушкилоти мубодилаи асъор дучор шудаанд.

Онҳо аз Русия маводи сӯзишворӣ харида, онро ба кишвари мо оварда мефурӯшанд. Бо сомонӣ. Барои овардани миқдори нави сӯзишворӣ сомониро мебояд бо рубли русӣ ё доллар иваз намуд. Гӯё як чизи оддие бошад. Дар амал бошад, иҷрои он ғайриимкон аст. Дар суратҳисобҳои ширкатҳои воридкунанда миллионҳо сомонӣ ҷамъ шуда, лекин онҳоро ба рубл ё доллар иваз карда наметавонанд. Мутаносибан, дар Русия низ  ба харидани миқдори нави маводи сӯзишворӣ имкон надоранд.

Тибқи баъзе маълумот, дар суратҳисобҳои танҳо як ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, ки наздики 55% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвориро ба кишвари мо ворид мекунад, аллакай беш аз 200 млн. сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст, ки ба 1,5 млрд. рубли русӣ баробар аст. Раҳбарияти ин ширкат аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида, дар ҳамин ҳол, вазъро “мушкил” эътироф намуд.

Дар дигар ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, ки мо ба онҳо муроҷиат намудем, қайд карданд, ки ивази сомонӣ ба асъори мубодилаи озод торафт душвор мешавад. Дар ҳамин ҳол, роҳбарони бахши бонкӣ масъаларо ба тавре возеҳу аён ба онҳо шарҳ намедиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъҳои огаҳ аз вазъ, чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ аллакай баҳри кумак дар ҳалли масъала ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Ширкатҳо огоҳ мекунанд, ки агар дар ин самт таъҷилан баҳри ислоҳи вазъ чораҷӯӣ нашавад, воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба таври қобили мулоҳиза кам шавад ё комилан қатъ гардад.

Ба мо чӣ қадар асъор лозим аст?

Бино ба маълумоти Агентии омор, тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 106 млн. доллар 166 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Бо назардошти ин маълумот, талаботи ҷумҳурӣ ба маводи сӯзишворӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна беш аз 40 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки барои харидории он беш аз 26 млн. доллар маблағ зарур аст. Яъне барои таъмини эҳтиёҷоти кишвар ба маҳсулоти нафтӣ, ширкатҳои воридкунанда ҳамарӯза тариқи мубодила бояд ҳудуди 900 ҳазор доллар пайдо намоянд.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, айни замон бонкҳои кишвар ҳамарӯза ба мубодила (иваз)-и 1,5 млн. доллар маблағ имкон доранд. Аммо дар назар бояд дошт, ки дар баробари ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, ширкатҳои воридкунандаи дигар молу маҳсулот низ ба мубодилаи пул ниёз доранд.

Бо назардошти 10%-ро ташкил додани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз ҳаҷми умумии воридот ба кишвар, метавон тахмин зад, ки талаботи ҳамарӯзаи воридкунандагони маҳсулот наздики 10 млн. долларро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, метавон сари хулосае расид, ки айни замон бонкҳо ба таъмини ҳамагӣ 15% талаботи воридкунандагон ба асъор қодиранд...

Асъор ҳаст, лекин он намерасад

Сабабҳои асосии болоравии талабот ба долларро дар Бонки миллӣ ба афзоиши тавозуни манфии савдо (се баробар зиёд будани воридот аз содирот) ва афзоиши мавсимии фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар давраи фасли баҳор нисбат медиҳанд.

Ғайр аз ин, дар Бонки миллӣ қайд карданд, ки зиёдшавии хароҷоти асъории буҷети давлатӣ ба сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатӣ низ вобаста буда, он ба ҳаҷми асъори нақд дар бозор таъсир мекунад.

Дар Бонки миллӣ таъкид месозанд, ки ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шудааст, ки дар навбати аввал воридкунандагони сӯзишворӣ, гандум, шакар, равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бо асъори хориҷӣ таъмин намоянд. Дар бонкҳо мегӯянд, захираҳои асъории онҳо танҳо ба додани маблағҳои интиқолшуда (интиқолҳо бо доллар) мерасад.

Ҳамин тариқ, камбуди шадиди доллар возеҳу аён аст. Лекин вазъ бо рубли русӣ, ки пул аз Русия асосан бо ин асъор фиристода мешавад, чӣ гуна аст?

Ҳамаи рубли аз Русия ба Тоҷикистон интиқолёфта ҳамарӯза ба Бонки миллӣ супурда мешавад. Аз соли 2016 мувофиқи дастури Бонки миллӣ, бонкҳо маблағҳои интиқолҳоро бо рубл танҳо бо сомонӣ медиҳанд.

“Рублҳои ҷамъоваришударо, то ҷое, ки огаҳӣ дорем, Бонки миллӣ дар бонкҳои Русия бо доллар иваз мекунад. Сипас долларҳои ивазшуда ба куҷо равона мегардад, мо намедонем”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” бидуни ифшои ном дар яке бонкҳои тиҷоратӣ.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод. Ба истилоҳи дигар, соли гузашта ба кишвар ба ҳисоби миёна ҳамарӯза маблағи баробар ба 7 млн. доллар ворид шудааст...

Буҳрони сӯзившорӣ чӣ оқибатҳо ба бор оварда метавонад?

Коршиносон қайд мекунанд, ки таъмини иқтисод бо сӯзишворӣ масъалаи амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, ба он мебояд хеле ҷиддӣ ва эҳтиёткорона муносибат кард.

“Ҳатто камбуди начандон зиёди маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши он боис гардида, дар натиҷа қиматшавии дигар ҳама маҳсулот низ оғоз мегардад, зеро ба нуқтаҳои фурӯш маҳсулот бо нақлиёт расонида мешавад”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов.

Бино ба гуфтаи ӯ, қатъи интиқоли сӯзишворӣ барои нақлиёт ҳатто ба муддати чандин шабонарӯз ба буҳрон боис хоҳад гардид, ки метавонад ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар таъсир расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.