Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Сума Чакраборти имрӯз, 1 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҳукумат, аз ҷумла вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода дидору гуфтушунид мекунад.

Сума Чакраборти ҳамчунин бо намояндагони тиҷорати хурду миёна вохӯрда, дар чорабинии дастаҷамъона иштирок мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти БАТР.

Қобили зикр аст, ки ин сафари дуюми президенти БАТР Сума Чакраборти ба Тоҷикистон буда, сафари аввал соли 2014 баргузор шуда буд.

Барномаҳои БАТР дар Тоҷикистон ба барқарор намудани эътимоди мардум ба бонкҳо, рушди корхонаҳои хусусӣ ва роҳандозии тиҷорат дар соҳаи аграрӣ, беҳбуди дастрасиву эътимод ва сифати хизматгузориҳои мақомот, беҳтар кардани сифати таъмино бо нерӯи барқ, танзим ва пурсамарии истифодаи энергия нигаронида шудааст.

То имрӯз БАТР ба 127 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон наздики 673 млн. Евро (755 млн. доллар) сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.