Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи таксиҳои пойтахт ба электромобил ё нақлиёти барқӣ гузаранд, хабар медиҳад ҳукумати шаҳри Душанбе.
Ӯ дар ин бора қарори дахлдор имзо шудааст ва он дирӯз, 6-уми июн расонаӣ шуд.
“Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ин қарор дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 қабул шудааст.
Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, барои рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар дар панҷ соли оянда тақрибан 230 миллион сомонӣ (21 миллион доллар) ҷудо карда мешавад. Аз ин маблағ 1,4 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, 6,2 миллион сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд дода мешавад ва зиёда аз 221 миллион сомонӣ аз ҷониби бахши хусусӣ сармоягузорӣ мешавад.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, то охири соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1600 мошини барқӣ ё электромобил ба аҳолӣ хидмат мерасонад, ки 800 адади он дар Душанбе аст.
Ба маълумоти ҳукумати шаҳр, то моҳи ҷорӣ дар маҷмӯъ дар шаҳр зиёда аз 4350 адад таксӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 2451 мошини барқӣ мебошанд. Дар шаҳр 12 ширкати хизматрасонӣ дар соҳаи таксӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар пойтахт 136 истгоҳи барқӣ фаъолият мекунад.
Аз ҳукумати шаҳри Душанбе таъкид карданд, ки гузариши пурра ба мошинҳои барқӣ барои таксиҳои пойтахт қадами муҳимест ба сӯи беҳтар кардани вазъи экологӣ дар шаҳр ва паст кардани сатҳи ифлосшавии ҳаво.
Дар Тоҷикистон палатаи поёнии парлумон ҳанӯз соли 2022 қарор қабул карда буд, ки воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ба мӯҳлати 10 сол озод карда мешавад. Аммо мушкилоти асосие, ки харидорони мошинҳои барқӣ бо он рӯбарӯ ҳастанд, қимати баланди он аст.
Кирокашони нақлиёти барқӣ мегӯянд, сабаби аслии пешниҳоди нархномаи монанд ба кирокашони анъанавӣ (бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда) гаронии нақлиёти барқӣ аст. Онҳо таъкид мекунанд, ки бояд тақрибан як сол мунтазам кор кунанд, то хароҷоти хариди нақлиётро пӯшонанд.
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста