Дар Тоҷикистон айни замон 9 лоиҳаи энергетикӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 млрд. доллар амалӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ояндаи наздик татбиқи боз 6 лоиҳа оғоз мегардад, ки арзиши умумии онҳо 212 млн. долларро ташкил дода, феълан корҳои зарурӣ барои дарёфти сармоягузорӣ ва интихоби паймонкорон ҷараён дорад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 25 лоиҳа ба маблағи умумии 2,4 млрд. доллар дар бахши энергетика амалӣ шудааст.
Аз ҷумла, НБО “Сангтӯда-1” (670 МВт) ва НБО “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” (400 МВт), нерӯгоҳҳои хурд (бо иқтидори умумии 30 МВт), ҳамчунин хатҳои интиқоли барқи сершумор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар Вазорат бар ин назаранд, ки дастоварди аз ҳама муҳим ва беназири соҳа – моҳи ноябри соли 2018 ба кор даромадани агрегати якуми НБО «Роғун» буда, рӯзҳои наздик агрегати дуюми ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бунёди ин иншоот имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба дастрасии комил ба истиқлоли энергетикӣ ноил шуда, ба пешрафтҳои назаррас дар рушди соҳаҳои гуногун ва таъмини зиндагии шоиста даст ёбад.
Қобили зикр аст, ки маросими баҳрабардорӣ аз агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун рӯзи 9-уми сентябр, дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар маросими тантанавии мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, ҳайати кормандони нерӯгоҳ ва намояндагони ВАО дар назар аст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз мавриди истифода қарор гирифтани тамоми 6 агрегаташ ҳамасола то 13,4 млрд. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ба коркарди солонаи қариб ҳамаи иқтидорҳои энергетикии мавҷудаи Тоҷикистон баробар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.