Каср (камбуд)-и буҷети давлатии Тоҷикистон тӯли нуҳ моҳи соли равон 400 млн. сомонӣ (42 млн. доллар)-ро ташкил дод.

Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ба буҷет беш аз 16,7 млрд. сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Ҳиссаи даромадҳо аз пардохти андоз (зиёда аз 11,3 млрд. сомонӣ) дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми воридоти маблағҳо аз пардохти андозҳо 617 млн. сомонӣ афзудааст.

Аз андозҳои асосӣ давоми нуҳ моҳ андоз аз даромад ва андоз аз фоида 264 млн. сомонӣ, ААИ 273 млн. сомонӣ ва аксизҳо 99 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 17,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд. сомонӣ бештар аст.

Маблағҳои нисбатан зиёдтар ба соҳаи маориф (наздики 3 млрд. сомонӣ), суғуртаи иҷтиомӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (беш аз 2 млрд. сомонӣ) равона шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 9 моҳ ба буҷет 861 млн. сомонӣ (ҳудуди 90 млн. доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии буҷет дар моҳҳои январ-октябри соли равон наздики 18,7 млрд. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 4,4% камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.