Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки ҳиссаи зиёди қарзҳои додаи бонкҳо дар Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд, ки сиёсати молиявии бомасъулият надоранд.

“Бахши корхонаҳои давлатӣ самаранокии амалиётӣ ва сиёсати молиявии бомасъулият надоранд ва ҳиссаи зиёди ин бахш дар қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо каме ташвишовар аст”, - изҳор дошт сариқтисодчии намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Гоар Гулюмян рӯзи 4-уми декабр дар маросими рӯнамои гузориш таҳти унвони “Афзоиши хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон”.

Вай афзуд, ки 24%-и ҳамаи қарзҳо тӯли 8 моҳи соли равон ба корхонаҳои давлатӣ дода шудааст. “Сохтори қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо ба андеша водор мекунад”, - гуфт ӯ.

Гоар Гулюмян таъкид дошт, ки дар ин давра ҳаҷми қарздиҳӣ 7% афзуда, ҳаҷми қарзҳои бознагашта аз 52%-и соли 2017 то 27% поин рафт. “Беҳбудиро мушоҳида мекунем, лекин ин (қарзҳои бознагашта) ҳоло ҳам сатҳи баланд аст”, - иброз дошт иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бақияи қарзҳо 6,9% ё худ ба маблағи 597 млн. сомонӣ афзуд.

Дар сохтори қарзҳо 24% ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, айни замон ин корхонаҳо дар ҳаҷми беш аз 2,2 млрд. сомонӣ қарзҳоро аз худ карда истодаанд.

Ба ҳиссаи шахсони хусусӣ 23,5%, соҳибкорон – 19,9%-и қарзҳо рост омада, боз 3,1% қарзҳо бо мафҳуми “дигарон” зикр шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.