Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис зери унвони “Хандасарой” аз чоп баромад, ки фарогири латифаву шӯхиҳо ва хотираҳои шавқовари нависанда аз пирони зодгоҳаш аст.
Муаллифи китоб ангезаи иншои асарро дар суӯбат ба “Asia-Plus” шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв номид.
“Бо пешкаш намудани китоби “Хандасарой” барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв “ретсепт”-и нав пешниҳод мекунам ва боварӣ дорам, ки бо ин тарзи табобат зиндагии дӯстдорони ханда хушу умрашон боз ҳам дарозтар мешавад”, - иброз дошт ӯ.
Бояд гуфт, ки Холиқназар Ҷумъазода аъзои Иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон буда, эҷодиёти ӯро асосан лутфу ҳозирҷавобии дӯстон ва шахсиятҳои шинохта, хушгӯиҳои одамони шӯху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоди шогирд ва дигар танзу шӯхиҳо ташкил медиҳанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/337125/%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%201.jpg)
Ёдовар мешавем, ки қаблан китобҳои дигари Холиқназар Ҷумъазода, бо номҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (соли 2013), “Биё, ки фолат бинам” (2021) ва “Ашкҳои зери борон” (2022) нашр гардида буданд.
Соли 2021 китоби ҳаҷвии “Биё, ки фолат бинам”-и ин нависанда дар озмуни “Китоби сол”, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад, дар номинатсияи наср китоби сол эълон шуда буд.
Шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ. Сокинони Конибодом дар ҳаросу мақомот хомӯш
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста