Имрӯз Зулфия Атоӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз қаламкашони шинохтаи тоҷик ба синни 70 қадам гузошт. Ин шоири шаҳиру рӯзноманигори маъруф аз занони муборизи замони хеш аст, ки дидгоҳи вижаи худро дорад. Ба муносибати мавлудаш мо нигоҳе ба корнома ва роҳи тайнамудаи Зулфия Атоӣ андохтем.

Раҳоварди Зулфия

Зулфия Атоӣ 15-уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Деваштич (пешина Ғончӣ) дар хонаводаи  омӯзгор  чашм  ба олами  ҳастӣ боз карда, дар дабистони зодгоҳаш таҳсил намудааст.

Ӯ мегӯяд, аз кӯдакӣ муҳаббати адабиёт бар дилаш ҷой гирифта буд ва аз овони толибилмӣ ба нигоштани шеър пардохт. Ашъори аввалину таассуроти кӯдаконааш дар матбуот ба нашр мерасиданд.

Муҳаббати адабиёт Зулфияро соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (онвақта УДТ) овард.

Пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назми Институти адабии ба номи Максим Горкий таҳсилро идома дод.

Аз чап ба рост: Муъмин Қаноат, Зулфия Атоӣ, Сотим Улуғзода ва Сайидалӣ Маъмур

Ман равон ҳастам ба роҳи хештан,

Роҳи ман роҳи дилу роҳи вафост.

Бар дилам андар шаби сарду сиёҳ

Меҳри ёрон чун чароғи раҳнамост.

Зулфияи шоира

Зулфия ҳанӯз дар синфи 10 таҳсил мекард, ки аз Мирзо Турсунзода мактуб гирифт. Ҳоло ҳам он дастхатро бо эҳтиром ҳифз мекунад:

“Ман шеърҳои шуморо хеле бодиққат мутолиа намудам. Хурсанд шудам, ки як духтари тоҷик, ки ҳанӯз синфи 10 мехонад, чунин сатрҳои шеъриро бо эҳсоси баланд, бо шавқу завқи самимӣ навиштааст…”, - навишта буд Турсунзода.

Пас аз хондани мактуби Мирзо Турсунзода, Зулфия Атоӣ беш аз пеш ба шеърхонӣ ва ҳамзамон ба шеърнависӣ камар баст. Эҷодиёти ӯ фарҳанг ва анъанаҳои Тоҷикистонро инъикос мекарданд.

Аввалин маҷмааи ашъорашро бо номи “Ҷиҳоз” дар соли 1977 ба чоп расонид ва ҳамин тавр пас аз ду соли фаъолияи эҷодӣ дар соли 1979 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Минбаъд ашъори худро дар маҷмааҳои “Дидор” (1980), “Меваи сабр” (1982), “Зочаи хушрӯи ман” (1984), “Духтари дарё” (1986), “Ишқи як зан” (1992), “Ситораи ваҳшӣ” (бо ҳуруфи форсӣ, 1997), “Ситораи Муштарӣ” (1998), “Зан агар ошиқ шавад” (2001), “Зулфи парешон” (дар ду ҷилд, 2002), “Паррандаи баҳорӣ” (ба забони русӣ, 2004), “Сояи зулф” (2005), “Бе ситора нестам…” (2019) ва “Фасли орзуву андеша” (2021) ба чоп расонид.

Аз чап ба рост: Зулфия Атоӣ, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ

Занҷир барои чист? Болу парам оташ зан!

Шеърам чу намехонӣ, бар дафтарам оташ зан!

Ғайр аз ин, чанд сол пеш таҳти номи “Девони зулф” девони ашъори худро дастраси ҳаводоранаш кард.

Ашъори Зулфия Атоӣ ба забонҳои  русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд.

Соли 2010 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шуд.

Зулфияи рӯзноманигор

Зулфия Атоӣ яке аз рӯзноманигорони коркуштаи тоҷик аст ва бештар аз 40-соли умри хешро ба матбуот бахшидааст. Пас аз хатми донишгоҳи Маскав мувофиқи роҳхат мебоист фаъолиятро дар Иттифоқи нависандагон идома диҳад, аммо бо сабаби бемории Мирзо Турсунзода кор каме ба таъхир афтод.

Зулфия соли 1977 бо тавсияи нависанда Ибод Файзулло барои кор ба “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) рафт ва бештар аз 6 сол дар ин даргоҳ фаъолияти рӯзноманигорӣ кард.

Пасон аз солҳои 1983 то 1985 дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло “Фирӯза”) ба ҳайси мудири шӯъба ва солҳои 1985 то 1990 дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” ҳамчун муовини сардабир фаъолият намуд.

Дар аввали соли 1990-ум аз кор рафт ва дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон шуд. Аммо дар хона зиёд “тоқат накард” ва соли 1993 дубора ба кор баргашт: солҳои 1993-2015 сардабири маҷаллаи “Фирӯза” буд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ҳангоми фаъолият ӯ тавонист сифати маҷалла ва муҳтавои онро дучанд беҳтар гардонад.


Зиёӣ аз дидгоҳи Зулфия

Зулфия Атоӣ танҳо шоир ва рӯзноманигор нест, инчунин яке аз чеҳраҳои шинохта ва аҳли зиёи кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ дар оилаи зиёӣ бузург шудааст ва перомуни зиёиён ҳам дидгоҳи хос дорад.

“Зиёӣ борои ман нафарест, ки пеш аз ҳама одоби хуб дорад, зиёд мехонад, худнамоӣ намекунад. Агар касе шеър ё роман нависад, ин маънои онро надорад, ки ӯ дарҳол зиёӣ мешавад. Як нафар метавонад мансабдор бошад, дар соҳаи ҳунар маъруф бошад, аммо зиёӣ набошад”, - мегӯяд Зулфия Атоӣ.

Ӯ меафзояд, ки “ҳамеша дар ҷомеаи мо зиёиён буданд. Агар онҳо намебуданд, давлати мо чӣ гуна давом мекард? Мегӯянд, агар як нафари хуб ҳам бошад, ҷаҳон боқӣ мемонад. Пас мо ҳатман зиёиёни худро доштему дорем”.

Мавсуф чун як зани мубориз дар охири солҳои 80-уми асри гузашта барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баҳри таҳкими истиқлолияти кишвар талошҳои зиёд варзидааст.

“Мо ҳамроҳи чанд зани фаъоли дигар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ноҳияҳои ноороми кишвар рафта, бо сокинони он ҷо, хусусан занҳо - модарон суҳбатҳо мегузарондем. Чандин маротиба шиносу ношинос ба модарам таъкид мекарданд, ки аз пушти духтаратон гурӯҳе таъқиб мекунад, зудтар ӯро наздатон хонед. Аммо ман аз мубориза даст накашидам, чунки истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки ниёгони мо дар орзуи он буданд”, - ба ёд меорад Зулфия Атоӣ.

Зулфия ва назари мардсолории ӯ

Қаҳрамони мо перомуни баробарии гендерӣ ҳам дидгоҳи хос дорад ва меъёрҳои суннатии шарқиро барои худ афзалтар мешумораду аз рӯи он меъёрҳо зиндагияшро пеш мебарад.


Ӯ мегӯяд, ки “зану мард ҳаргиз баробар намешаванд, ҳатто исбот шудааст, ки қалби занон 12% хурдтар аз мардон аст. Мардон аз рӯи ақл, хирад, заҳматфарсоӣ пешқадаманд, занон - бо ҳиссиёт, дурбинӣ, ғаризаҳо...”.

“Мард бар зан такя мекунад, зеро зан дуртарро мебинад. Ҳатто агар зан хонанишин ҳам бошад, ғаризаи ӯ рушд ёфтааст ва мард ба ӯ ниёз дорад. Ногуфта намонанд, ки пушти ҳар марди бузурге зани бузурге истодааст - модар, ҳамсар ё дӯстдошта. Ҷозефина - аз Наполеон, Лаура - аз Петрарка, Беатрис - аз Данте. Аз ин рӯ, муқоиса кардани занон ва мардон дуруст нест”, - иброз медорад Зулфия Атоӣ.

Ӯ таъкид медорад, ки тарбияи шарқӣ гирифтааст ва он иҷозат намедиҳад, ки мардҳо ва занонро баробар гузорад ё муқоиса кунад.

Аммо оила барои Зулфия Атоӣ аз ҷумлаи муқаддасот маҳсуб мешавад. Ӯ нақл мекунад, “ман ҳамеша фикр мекардам, ки фаъолияти эҷодӣ аз инсон қурбонишоҳӣ талаб мекунад ва оила метавонад бар он монеа шавад. Баъд вақте ки ҳамсари ояндаамро вохӯрдам, ҳиссиёт ва фаҳмиши дигар пайдо шуд, ки ман бояд издивоҷ кунам”.

Ӯ мегӯяд, “кунун 46 сол мешавад, ки мо бо ҳам зиндагӣ мекунем ва бар ҳамин андешаам устувор боқӣ мондаам”.

Аз замону асри оҳан дар шигифт,

Хештанро мард мегирам дигар,

Зан ба дунё омадам як рӯз ман,

Дар замин мардона мемирам дигар.

Ба ҷои хулоса

Зулфия Атоӣ аъзои Иттиҳодияҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон аст ва барандаи ордени давлатии “Шараф” мебошад. Ӯ инчунин Аълочии  маориф  ва матбуоти Тоҷикистон аст.

Мавсуф барои  саҳми  арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени “Дили Данко” қадрдонӣ шудааст. Шоираи тоҷик ҳамчунин узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург мебошад.


Ғайр аз ин, соли 2018 Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондони Англия ба шарофари чопи силсилаи ашъори “Ҳафт ахтар”-и Зулфия Атоӣ дар коинот ситорае ба номи шоираи тоҷик гузошт. Ба ин муносибат ӯ соли 2019 маҷмааи ашъорашро таҳти номи “Беситора нестам...” дастраси хонандагон кард.

Зулфия Атоӣ дар сафи  аҳли  адабиёту фарҳанг ба кишваҳои Покистон, Русия, Украина, Ҳолландия, Германия, Гурҷистон, Амрико,  Қазоқистон,  Қирғизистону Туркманистон ва чанд кишвари дигар сафари эҷодӣ  анҷом додааст.

Ҳоло дар хона машғули эҷод аст ва бо ифтихор мегӯяд, ки аз умри сарфнамуда ва роҳи тайкардааш пешаймон нест. Ҳоло нақша дорад, ки тирамоҳи меомада ҷашни мавлудашро ҳам дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳам дар манотиқи гуногуни кишвар таҷлил намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.