Умед Раҳматуллоев, шавҳари Рухшона Раҳматуллоева, блогер ва модели тоҷик, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм саҳифа дорад, дар асоси шикояти ҳамсараш боздошт ва 7 шабонарӯз ҳабс шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 13‑уми июн хабар дод.
Рухшона Раҳматуллоева рӯзи 12-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 400 ҳазор обуначӣ дорад, шикоят кард, ки шавҳараш ӯро таҳдид ба куштан кардааст ва аз мақомот хост, чораандешӣ кунанд.
Ба иттилои милитсияи пойтахт, Умед Раҳматуллоеви 34‑сола ба хотири вуҷуд доштани “нофаҳмӣ” дар муносибати хонаводагӣ боздошт шудааст".
“Нисбати шаҳрванд Умед Раҳматуллев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд”,-омадааст дар хабар.
Мақомот иддаои Рухшона Раҳматуллоева дар бораи хушунату латукӯб ва таҳдид ба куштанро аз ҷониби шавҳараш тасдиқ ё рад накардаанд, танҳо ишора мешавад, ки “дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст”.
Қаблан, Рухшона Раҳматуллоева рӯзи 12 – уми июн дар саҳифааш навишт, ки дар ҷое пинҳон шудааст, чун шавҳараш ӯро таҳдид ба куштан кардааст.

Инчунин наворе, низ гузошта буд, ки дар он садои баҳсу ҷангҷоли зану шавҳар шунида мешуд, ва ӯ навишта буд, ки бо сабаби муносибати бади шавҳараш фарзандонаш бемор шудаанд ва ин вазъият ба рӯҳияи онҳо таъсири бад расонидааст.
Мавқеи Умед Раҳматуллоев дар робита ба шкиояти ҳамсараш ва ҷазои маъмурӣ дастрас нест.
Рухшона Раҳматуллоева ва Умед Раҳматуллоев 5 соли пеш оиладор шудаанд ва соҳиби се фарзанд мебошанд.
Шикояти ин блогери тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд овард ва корбарон аз мақомот хостанд, ки қазияро таҳқиқ намояд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ солҳост вуҷуд дорад ва борҳо аз тарафи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ азият шудани занон аз тарафи ҳамсаронашон гуфта шудааст.
Ин аз камтарин ҳодисае аст, ки аз ҷониби занон ошкоро расонаӣ ва аз ҷониби мақомот вокуниш карда шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста