Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон шаҳрдории Душанбе ҷойҳои махсус барои забҳи чорворо муақаррар кардааст. Чунин ҷойҳо дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр мавҷуд аст. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расидааст, хабар медиҳад, шаҳрдории пойтахт.
Дар асоси ин қарор, забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 дар кӯчаи Шукуҳӣ 44, дар маҳаллаҳои Ховарон дар Теппаи Шарқӣ (минтақаи 7), дар маҳшаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев 374, дар бозори “Ховарон” дар кӯчаи Айнӣ, 259 (7 км), ҳамчунин дар маҳаллаҳои Фалакон, 1-май, Яккатут,1, 2 ва Чилмеҳроб муқарар шудааст.
Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ дар салоҳхонаи “Фабрикаи шири Душанбе” дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи “Шири Саодат”), салоҳхонаи Гулбутта дар маҳаллаи Гулбутта, дар маҳаллаи Калтакдорони сурх 13/1 дар маҳалли Гулбутта, дар кӯчаи Фирдавси назди бинои №99 дар шаҳраки 63, дар кӯчаи Крупская-1 дар маҳалли Курпская, дар кӯчаи Фирдавси бинои 9/7 дар шаҳраки 65 ва дар кӯчаи Деҳоти назди бинои 3 дар шаҳраки 46 иҷозат дода шудааст.
Дар ноҳияи Сино забҳи чорво дар дар маҳаллаи Пахтакор (Пахтакор, 70), Борбад (кӯч. Тургенева, 29), дар Роҳи нав (кӯч. Р.Набиев, 292/2), дар маҳллаи Наврӯз (Наврӯз 280), Қарамиршикор (кӯч.Лермонтов, 466), Ҳаёти нав 74 ва 313, Камонгарон (кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев 252), маҳаллаи Ҳисорак, Панҷрӯд 125, Навободи боло 163, кӯчаи Мехкалона 50, деҳаи Боло 200, Испечак 1 ва 1,2 (назди сафорати ИМА) кӯчаи Хуҷандӣ мумкин аст.
Мувофиқи қарор, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ забҳи чорво дар кӯчаи Ҳ. Назаров 149, кӯчаи Саҳбо, кӯчаи Хуҷаамбиёи поён 121, кӯчаи Нодира 52, кӯчаи Деҳнаваки поён ва кӯчаи И. Соатов 36 муқарар шудааст.
Тибқи анъана, дар Иди Қурбон гӯсфанд, шутур ё гов қурбонӣ шуда метавонанд. Дар баробари ин донистан лозим аст, ки чорвои қурбонӣ пеш аз ҳама барои садақа, зиёфат додан ба наздикону дӯстон пешбинӣ шудааст. Сеяки чорвои қурбонӣ бояд ба камбағалон ё ятимхонаҳо ва сеяки дуюм - ба меҳмонону хешовандон тақсим карда шуда, сеяки боқимонда дар оила боқӣ гузошта шавад.
Ёдрас мекунем, ки имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн таҷлил гардида, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6:00 хона мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста