Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз 6 банд поин рафт. Агар рӯзи 20 июн 1000 рубл тибқи қурби Бонки миллӣ 127,3 сомонӣ нарх дошт, пас субҳи 21 июн қурби расмӣ - 121,2 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми июн 1000 рубли русӣ тибқи қурби расмии ҳамарӯза муқарраршуда аз  ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 120,3 сомонӣ нарх дошт.

Яъне давоми як ҳафта қурби рубли Русия дар аввал 7 сомонӣ зиёд шуда, баъдан 6,1 сомонӣ поин рафт.

Қобили зикр аст, ки аслан қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳо фарқ мекунад. Масалан, дар хазина (кассаҳо)-и "Алиф Бонк" рублро чанде пеш бо қурби 1000 рубли русӣ - 120 сомонӣ иваз кардан мумкин буд.

Дар ҳамин давра дар Тоҷикистон дар қурби доллар ва евро низ каме тағйирот сурат гирифт: агар 13-уми июн қурби 1 доллар 10,7287 сомониро ташкил медод, пас имрӯз ба 10,6378 сомонӣ баробар аст. Мутаносибан қурби евро аввал 11,5441 сомонӣ ва айни замон 11,4090 сомониро ташкил медиҳад.

Сурат: намогирифт аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон

Тағйироти қурби рубл ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар худи Русия баъди аз ҷониби Вазорати молияи ИМА ба рӯйхати таҳримӣ шомил кардани Биржаи Маскав (MOEX) оғоз шуд. Муомилоти биржавии доллар ва евро, ки бар асоси онҳо Бонки марказии Русия қурби расмиро муқаррар мекард, дигар гузаронида намешаванд. Ҳоло ин қурб тибқи омори мухталифи бонкӣ ва натиҷаҳои муомилот дар бозорҳои ғайрибиржавӣ муайян карда мешавад.

Таъсири омилҳои бунёдӣ

Ноустувории қурби рубл дар Русия ҳамчунин дар фарқияти бузурги байни нархҳои харид ва фурӯши асъор барои шаҳрвандон зоҳир мегардад.

Аз аввали ҳафта Бонки марказии Русия аввал пайдарпай қурби рублро нисбат ба доллар ва евро боло карда, сипас онро поин бурд.

Рӯзи душанбе, 17-уми июн, доллар 89 рубл ва евро - 95,15 рубл буд. Қурби расмӣ барои 21-уми июн 85,41 рубл барои 1 доллар ва 91,45 рубл барои 1 евро муқаррар шудааст.

Дар замимаҳои бонкӣ низ қурби асъор тағйир ёфта, дар аксар ҳолатҳо аз қурби расмӣ фарқ мекунад. Ва дар ҳама гуна ҳолат одатан фарқи байни нархи харид ва фурӯш назаррас боқӣ мемонад.

Ба қурби асъор ҳамчунин омилҳои асосӣ таъсир мерасонанд, яъне вазъи савдои хориҷӣ ва воридоти асъор ба кишвар, ки асосан аз ҳисоби содиркунандагон аст ва онҳо мисли пешин даромадҳои худро аз асъор гирифта, уҳдадоранд, ки қисмате аз онро ба рубл иваз кунанд.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Дмитрий Полевой бар ин назар аст, ки дар ҳафтаҳои наздик ва ҳатто моҳҳо устуворшваии қурби рубл метавонад идома ёбад. Дар сенарияи “хушбинона” (оптимистӣ) ӯ қурби 70-80 рубл барои долларро аз эҳтимол дур намедонад. Вале бо назардошти берун рафтани сармоя, ба ақидаи ӯ, қурб метавонад дар сатҳи 85-90 рубл барои 1 доллар устувор шавад.

Мутаносибан қурби рубл дар Тоҷикистон низ тағйир хоҳад ёфт.

Қурби сомонӣ нисбат ба рубл барои оилаҳои Тоҷикистон нақши муҳим дорад, зеро ба аксари онҳо муҳоҷирон аз Русия пул мефиристанд. Тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 амал мекунад, маблағи интиқолёфта бо рубл танҳо бо асъори миллӣ (сомонӣ) бо қурби муқарраршуда дар вақти гирифтани он дода мешавад. Аз ин рӯ, вақте ки қурби рубл нисбат ба сомонӣ боло меравад, оилаҳои муҳоҷирон ҳам зиёдтар пул мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.